сафарҳо
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН САФАР КАРД
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов, раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.2015 №: 225 Мутолиа карданд: 12942