logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САРДОР АЁЗ СОДИҚ

12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот кард.

Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Имрӯз соҳаҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон рӯ ба афзоиш доранд. Мо аз сатҳи ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоямон низ қаноатмандем. Мубодилаи сафарҳои ҳайатҳои байнипарлумонии ду кишвар ва иштироки онҳо дар кори конфронсу ҷаласаҳои ҳамдигар ба табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат хоҳад кард”.
Зикр гардид, ки ба наздикӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориро бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дод.
Раиси Ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ аз ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ, бахусус равобити миёни парлумонҳои ду кишвар бо итминон изҳор дошт, ки ин гурӯҳ метавонад барои ба сатҳи нав бардоштани ҳамкории байнипарлумонӣ нақши муҳим дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни эътирофи зарурати ҳамкории байналмилалии парлумонҳои кишварҳои минтақа  пешниҳоди ҷониби Покистонро дар мавриди созмон додани парлумони Осиё ҷонибдорӣ менамояд. Татбиқи ин иқдом дар раванди табодули таҷрибаи пешрафта нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар мулоқот, инчунин масъалаҳои вобаста ба вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла муноқишаҳои низомӣ дар Афғонистон, ки барои амнияти кишварҳои минтақа мушкилоти нав ба нав эҷод менамояд, мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, таҳдиди гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» барои башарият ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2015    №: 227    Мутолиа карданд: 1238
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед