суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи ба номи Қойиди Аъзами Покистон, Исломобод, 12 ноябри соли 2015
Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон,
раиси Донишгоҳи ба номи Қойиди Аъзам,
Хонумҳо ва ҷанобон, профессорҳо ва устодони донишгоҳ, дӯстони азиз,
Ман аз мулоқоти имрӯза ва бо унвони фахрӣ қадр шуданам сипосгузорам.
Мо аз нақши бузурги муассиси Покистони навин, яке аз шахсиятҳои бузурги ҳаракати милливу озодихоҳии нимҷазираи Ҳинд Муҳаммад Алӣ Ҷиннаҳ хуб иттилоъ дорем ва барои ман боз ҳам мояи ифтихор аст, ки ин унвонро донишгоҳе, ки номи Қойиди Аъзамро дорад, ба ин ҷониб эҳдо менамояд.
Нақши назарраси донишгоҳи шумо дар омодасозии кадрҳои бахшҳои гуногун барои Покистон ва рушди устувори он барои ҳамаи мо равшану возеҳ аст.
Дӯстони азиз,
Муносибатҳои неку созандаи тоҷикону покистониён аз гузаштаи дури таърих маншаъ мегиранд. Дар асрҳои миёна мардумони моро робитаҳои гуногунарса, бахусус фарҳанги муштарак ва адабиёти муштарак бо якдигар пайванд медоданд. Решаҳои муштараки фарҳангию таърихӣ ва наздикии забонҳои форсию урду барои мардумони мо имкон медиҳанд аз арзишҳои фарҳангии ҳамдигар баҳраманд бошанд.
Дар олами имрӯз Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, робитаҳои дипломатиро бо кишвари мо барқарор ва намояндагии дипломатии худро дар Душанбе ифтитоҳ намуд.
Сафарҳои порсолаю имсолаи расмии Сарвазири Покистон, Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои он муҳимтарин рӯйдодҳои раванди муносибатҳои байнидавлатии мо буда, дар таҳкиму рушди онҳо саҳифаи нав боз намуданд.
Мо итминон дорем, ки робитаҳои сиёсии байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ минбаъд низ муваффақона идома меёбанд ва умедворем, ки сафари кунунии давлатии ин ҷониб ба Покистон муносибатҳои шарикии ду кишвари дӯсту ҳамсояро густурдаву ғанӣ мегардонад.
Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба, инчунин таҳкими равобити ҳасана ва афзалиятноки иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, яке аз самтҳои асосии фаъолияти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом барои худ муҳим арзёбӣ менамоем.
Мо аз он қаноатмандем, ки тайи 10 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон ба маротиб афзудааст. Ва мо азм дорем барои бештар афзоиш додани он аз имкониятҳои мавҷуда ва зарфияти бузурги ҳамкориҳо истифода барем. То алҳол миёни Тоҷикистон ва Покистон даҳҳо санади муҳими дуҷониба ба имзо расидаанд ва имрӯз низ ин заминаи қарордодӣ бо як теъдод санадҳои муҳим ғанитар гардид.
Як қатор паймонҳои мушаххасе, ки миёни кишварҳои мо дар солҳои 2014 ва 2015 ба даст омаданд, мавриди иҷро ё баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар зимн метавонем аз тарҳи «CASA - 1000», ки интиқоли неруи барқро аз қаламрави Тоҷикистон ба Покистон дар назар дорад, мисол биёрем.
Мо барои ҳарчи зудтар ба имзо расонидани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон манфиатдор мебошем. Санади номбурда метавонад такондиҳандаи ҷиддии робитаҳои судманди иқтисодиву тиҷоратӣ миёни се кишвар гардад.
Бародарони покистонии мо дар бисёр арсаҳо ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Хуб мешуд, ки табодули донишу таҷриба миёни ду кишвар густариш ёбад.
Ҳозирони муҳтарам,
Муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароии хушунатомез, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ дар марҳалаи кунунӣ аз мо амалҳои боз ҳам тифоқонаву қатъиро талаб мекунад.
Дар ин росто метавон гуфт, ки вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ҳанӯз муташанниҷ аст. Ин ҳолат чолишҳои нав ба навро барои амнияти кишварҳои мо эҷод месозад. Дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани гурӯҳҳои гуногуни террористӣ, аз қабили “Давлати исломӣ”, ба амнияти тамоми минтақа таҳдид менамояд. Вале таърихи ду даҳсолаи ахири Афғонистон собит кард, ки терроризм ва ифротгароиро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ решакан кард.
Зарур аст, ки ба Афғонистон дар эҳёи иқтисодиёт, кишоварзӣ, истифодаи имконоти транзитӣ, аз тариқи татбиқи пружаҳои зербиноӣ ва кумаки молию техникӣ ба пешбурди ислоҳоти идорӣ аҳамияти бештар дода шавад.
Аз сӯи дигар, татбиқи тарҳҳои коммуникатсионӣ – нақлиётӣ, бунёди хатҳои интиқоли барқ, лӯлаи газ ва дигар тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар масири Тоҷикистон ва Покистон маҳз аз вазъи амниятии Афғонистон вобаста мебошад.
Дӯстони азиз,
Осиё хонаи умумии мост. Ҳамаи мо хоҳони онем, ки дар ин хонаи умумиамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад. Мушкилоте, ки дар ин минтақаи бузург ҳастанд, бо ҳам шабеҳ ва муштараканд. Бинобар ин, василаҳои мубориза бо онҳо низ бояд муштарак бошанд. Имрӯз ҳамаи кишварҳо ҷиҳати мубориза бо хушунат ва ифротгароӣ ҳамкорӣ доранд.
Дар муборизаҳои геосиёсӣ имрӯз аз мухолифатҳои қавмиву мазҳабӣ суиистифода мегардад. Доираҳои алоҳида саъй доранд, то дар миёни пайравони дини мубини ислом тафриқа ва низоъ барангезанд. Мо бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини ислом аз ҷониби доираҳои ғараздори сиёсӣ бошем.
Мо бояд иқтидори фарҳангу тамаддуни миллатҳои худро пурра истифода намоем, то ки дар заминаи муколамаи васеъ, саъю кӯшиши умумӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти муштарак ҷомеаи босуботу ободи халқҳои Осиёро барпо намоем.
Бори дигар бо арзи сипос аз қадрдонии шумо ба ин ҷониб ва бо ибрози орзуҳои нек барои ҳар яки шумо саломативу саодат орзу менамоям.
Комёбу пирӯз бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2015 №: 227 Мутолиа карданд: 1987