logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН

12 ноябр баррасии масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз гашта, зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Муҳаммад Навоз Шариф дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: «Ташрифи Шумо боиси хушҳолӣ ва сарфарозии мост. Шумо Покистонро метавонед хонаи дуюми худ шуморед, ҳамон гуна, ки мо Тоҷикистонро хонаи дуюми худ медонем. Ташрифи Шумо имкони дигаре барои таҳким ва густариши бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ аст”.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Покистон изҳори сипосу хушнудӣ карда, доир ба аҳамияти муносиботи ду кишвар чунин гуфт: “Густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз самтҳои асосии муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои кишвари мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ мегардад.”
Зимни музокироти расмӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, дифоъ, амният, илмию техникӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Таъкид гардид, ки дар давоми 23 соли муносиботи дипломатӣ то ба ҳол беш аз 40 санади дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидаанд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 18 миллион доллар дар соли 1998 то 89 миллион доллар дар соли 2014 афзудааст ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика масъалаи меҳварии робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон аст.
Навоз Шариф бинобар норасоии зиёди неруи барқ дар Покистон ба тезондани корҳо барои кашидани хати барқии "CASA-1000" мароқи зиёд зоҳир намуд.
Тибқи тасмими ду ҷониб ояндаи наздик миёни Тоҷикистон ва шаҳрҳои Исломобод, Лоҳур, Қарочӣ, Файсалобод ва Квейтаи Покистон бояд хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ  кушода шаванд. Ба гуфти Навоз Шариф “Покистон омода аст, ки дарвозаи Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрии ҷануб бошад”.
Сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, иштироки ҷониби Покистон дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва кашидани хатҳои интиқоли барқ, маблағгузории лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва барқарорсозии парвозҳои мустақим миёни ду кишвар аз соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номида шуд.
Ҳар ду ҷониб терроризм ва ифротгароиро хатари ҷиддӣ ба амнияти ҳамдигар номида, омодагӣ ва ҳавасмандии ҷиддии худро ба таҳкими ҳамкорӣ дар ин соҳа таъйид доштанд. Дар робита ба ин қайд гардид, ки Тоҷикистону Покистон ба таҳкими амну субот дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҷаҳду талош хоҳанд кард.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 8 санади нав ба имзо расид, ки заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Покистонро тақвият мебахшанд.
Нахуст зери Баёнияи муштарак оид ба натиҷаҳои сафари давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имзо гузоштанд.
Санадҳои дигари имзошуда:
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдод;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;
- Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноат миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорон миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаи тиҷорат ва саноати Покистон;
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои тадқиқотии илмӣ ва саноатии Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истифодабарии растаниҳои таҳҷоӣ ва ғайритаҳҷоии давоӣ барои тайёр намудани доруҳои гиёҳӣ;
- Барномаи ҳамкории илмӣ миёни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихи табиати Покистон.
Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот изҳори қаноат намуда, бори дигар ҳавасмандии ду кишвари дӯстро ба густариши бештари робитаҳои судбахш таъйид намуданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф муносиботи ду кишварро дар минтақа дорои ояндаи умедбахш номида, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Покистон ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои судбахш бо Тоҷикистон амиқан ҳавасманд аст”.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Ҳар ду ҷониб ҳамфикр буданд, ки ҳамкории фарох, фарогир ва созандаи ду кишвар ҷавобгӯи комили манфиатҳои дарозмуддати мардуми мо, густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа мебошад”.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2015    №: 227    Мутолиа карданд: 2648
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед