logo

маориф

МАСЪУЛИН МУВАЗЗАФ МЕГАРДАНД

Тақсимоти мутахассисони ҷавон ҳар сол дар асоси фармоиши вазири маориф ва илм ва Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ гузаронда мешавад. Дар кори тақсимот намояндагони Вазорати маориф ва илм ва дигар мақомоту муассисаҳои дахлдор ширкат варзида, мутахассисони ҷавонро дар асоси роҳхати мақомоти дахлдор ба ҷойи кор сафарбар менамоянд. Натиҷаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони  ҷавон аз тарафи муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти дахлдор назорат карда мешаванд.
Аз тарафи Вазорати маориф ва илм ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони муассисаҳои соҳаи вазорат ва дигар мутахассисони равияҳои омӯзгорӣ назорат шуда, нисбат ба нафароне, ки дар вақти муқарраршуда ба ҷойи кор ҳозир намешаванд, чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад.
Соли 2015 ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 4157 нафар мутахассиси ҷавон сафарбар шуданд, ки аз ин шумора 34 нафарашон мутахассиси соҳаи фарҳанг мебошанд. Аз ҷумла, 18 нафар  мутахассиси ҷавони ихтисоси суруд ва мусиқӣ аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва 16 нафар мутахассиси ҷавони ихтисосҳои санъати навозандагӣ, санъати актёрӣ, сурудхонии халқӣ ва ҳайкалтарошӣ аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва фарҳангии  шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ фиристода  шудаанд, ки то ба имрӯз 15 нафар ба ҷойи кор ҳозир нашудааст. Масъулини муассисаҳои таълимии мазкур муваззаф гардидаанд, ки дар асоси «Қоидаҳои баргардондани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2009, № 391) ҷиҳати баргардондани маблағ аризаҳои даъвоӣ омода сохта, ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол намоянд.
Ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, ки аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудаанд, пайваста назорат гардида,  онҳо дар мақомоти давлатӣ бо кор таъмин мешаванд. Аз ҷумла, дар соли 2015 аз 28 нафар хатмкардаи ихтисосҳои гуногун 20 нафар бо кор таъмин гардиданд. Инчунин, ба 5 нафар мактуби ба ҷойи кор дода шуда, 3 нафар таҳсилро идома дода истодаанд.

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2015    №: 230    Мутолиа карданд: 1535
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед