logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ

18 май  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон,  раиси Созмони миллии ҷавонони ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбариро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуданд.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки ташрифи Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ ба Тоҷикистон ба раванди ҷустуҷӯ ва дарёфти ҷанбаҳои нави ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари бародар такон мебахшад ва таъкид намуд:
-Мо ин равандро амри зарурӣ мешуморем, зеро Эрон табиатан шарики стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҷонибҳо аз рафти шарикии стратегии ду кишвар дар соҳаи нақбсозӣ ва бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон арзи боварӣ ба он карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот, соҳибкорӣ, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ ва дар дигар самтҳои дорои имкону захираҳои фаровон низ таҳкиму густариш меёбанд.
Зимни сӯҳбат зарурати таҳия ва татбиқи барномаи яксола ё худ сесолаи ҳамкории мақомоти марбутаи соҳаи ҷавонони Тоҷикистону Эрон мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

www.president.tj

Бисмиллоҳир - раҳмонир –         раҳим. Хеле хушҳол ҳастам, ки Худованд тавфиқ дод ба кишвари бародар, дӯст ва ҳамкешу ҳамзабонамон –Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кардам. Ва хушҳолии боз ҳам бештари ман аз ин ки Раиси ҷумҳури  ҷавоншинос ва ҷавонбовари Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон эҳтимом ва таваҷҷӯҳи вижа доранд ва барои тақвияти муносиботи ду кишвар дар ҳавзаи ҷавонон саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.
Дар ин бора Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ, муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Созмони миллии ҷавонони ҶИЭ, баъд аз вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфти ӯ барои густариши муносибатҳои ҳар ду кишвар зарфият ва заминаҳои бисёр хуби фарҳангӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ вуҷуд доранд. «Мо бояд муносиботи худамонро тавре ки ҳоло дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналмилалӣ ва фарҳангӣ дорем, бо тақвияти иртибот дар ҳавзаи ҷавонони ҳар ду кишвар пойдортар бисозем. Заминае бояд фароҳам орем, ки ҷавононамон ҳам дар заминаҳои фарҳангу одобу ҳунар, ҳам дар заминаҳои илмӣ, техникӣ, фаннӣ ва ҳам дар арсаҳои варзишӣ ва тарбияи баданӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ монда тавонанд».
Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ тазаккур дод, ки дар доираи сафар имзои Ёддошти тафоҳум дар назар аст ва он барои рушди ҳамкориҳо, махсусан дар мубодилаи таҷрибаи ҷавонон ва коршиносони ду кишвар, ташкили гурӯҳҳои ҳамандешӣ ва дӯстӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2051
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед