logo

қонунҳои ҶТ

ПРЕЗИДЕНТ БА ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО ИМЗО ГУЗОШТ

23 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст,  имзо кард.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»,  «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок»  аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок»  тартиби муайян намудани арзиши саҳмияҳо ва вомбаргҳо, ташкили мубодилаи нархгузорӣ ва иттилоотӣ оид ба нархгузории коғазҳои қиматнок ва бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок, фаъолияти ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок ва баъзе паҳлуҳои дигари соҳаи мазкурро ба таври илова танзим намуда, барои рушди минбаъдаи бозори коғазҳои қиматнок равона карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ҷиҳати ба таври илова танзим намудани масъалаҳои ташкилу бақайдгирӣ ва назорати истифодаи тухмӣ қабул гардида, Феҳристи давлатии навъҳо, истифодаи навъи рустаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо дохилнашуда, тартиби муайян намудани сифати навъи тухмӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ ва дигар самтҳои соҳаи номбурдаро муқаррар намуда, барои рушди ҳаматарафаи соҳаи тухмипарварӣ равона карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» низ барои ба таври илова танзим намудани фаъолияти адвокатӣ қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти адвокатҳо, ҷалби кадрҳои баландихтисос ва дорои хислатҳои хуби инсонӣ, пешгирӣ кардани ҳар гуна қонуншиканиҳо дар фаъолияти адвокатӣ,  таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии босифат, ҳифзу ҳимояи бештари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиати ташкилоту идораҳо равона карда шудааст.
Инчунин бо назардошти “Соли оила” эълон гардидани соли 2015 дар радифи дигар чорабиниҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо барои баланд бардоштани масъулияти оиладорӣ, сода гардондани фарзандхонӣ, озод кардан аз пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми муроҷиат кардан ба суд оид ба фарзандхонӣ, ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва танзими дигар паҳлуҳои масъалаи мазкур равона карда шудаанд.
Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа равона гардидаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгашта дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.
www.president.tj


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.15    №: 233    Мутолиа карданд: 3191
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед