logo

ҳукумат

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 ноябр  таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои доимӣ, аъзои Шӯрои амният, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарону шахсони масъули дигар вазорату идораҳои кишвар доир ба баррасии ҳисоботи Прокурори генералии Тоҷикистон оид ба сабаб ва омилҳои ба кӯшиши табаддулоти давлатии оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ мусоидаткарда, инчунин вазъи мубориза бо терроризму экстремизм ва тадбирҳои минбаъда дар самти таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва тақвияти суботу оромӣ дар кишвар ҷаласаи Шӯрои амният баргузор гардид.
Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа доир ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин масъалаи амалиёти зиддитеррористии 4 - 16 сентябри соли ҷорӣ суратгирифта доир ба несту нобуд кардани гурӯҳи террористӣ, ки ҳадафи ноором сохтани суботу оромии мардум ва  халалдор  сохтани амнияти  мамлакатро дошт, ибрози назар намуда, мавҷудияти як силсила камбудиву норасоиҳоро дар самтҳои зикршуда таъкид кард.
Дар ҷаласаи Шӯрои амният, ҳамчунин ҳисоботи вазирони мудофиа ва корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шунида шуд.
Дар ҷаласаи Шӯрои амният роҳбарони сохторҳои низомӣ ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифадор шуданд, ки камбудиҳои дар фаъолияти худ ҷойдоштаро дар муҳлати кӯтоҳтарин бартараф карда, бо дарназардошти вазъи мураккаб ва босуръат тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва авзои ноороми минтақа барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти давлат ва сокинони мамлакат, суботу оромии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандони кишвар, инчунин ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳи малакаву таҷриба ва касбияти ҳайати шахсӣ, омодабошии ҷангӣ, ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ дар сафҳои сохтору мақомот чораҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам гузориш пешниҳод намоянд.

www.president.tj


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.15    №: 234    Мутолиа карданд: 16367
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед