номаҳо
Бибиотунҳо аз
санҷиш гузаранд
Ҳоло шумораи бибиотунҳо бисёр шудаанд. Онҳо вазифаи худро танҳо дар хондани як-ду ривоятҳои аз ҳақиқат дур ва тарғиби хурофотҳо мебинанд. Бо ин роҳ мардумро баръакс аз ислом дур менамоянд.
Ман аксар вақт шоҳиди он ҳам мешавам, ки бибиотунҳо ҳатто Қуръонро хонда наметавонанд, чи ҷои он, ки маънояшро фаҳмида бошанд.
Баъзан дар маъракаҳои занон духтарони ҷавон низ ҳамчун бибиотун баромад мекунанд. Дар ин ҳол ба калонсолони ҳузурдошта бо «насиҳат» таън низ мерасонанд ва ба амалҳояшон эрод мегиранд. Фаромӯш мекунанд, ки то пире нест, тадбире нест. Мебояд одоби инсониро риоя кард. Байни мардум он гоҳ баромадан лозим аст, ки бовар дошта бошӣ, донишат каме аз дигарон зиёд асту ба саволу ҷавоб аз рӯи ҳуҷҷати Парвардигор тайёр ҳастӣ. Бо пӯшидани либосҳои эрониву арабӣ, ки гӯё сатри аврат мекарда бошанд, дониш ба даст намеояд. Вақт аз ҳама чизи гарон аст. Аз ин рӯ бояд бибиотунҳо вақти мардумро гирифта бо гуфторҳои беҳуда ба раҳгумӣ наандозанд.
Бинобар ин ба мутасаддиёни соҳа чанд пешниҳод карданиам.
Аввалан, бояд ҳамаи бибиотунҳои кишварро аз санҷиш (аттестатсия) бигузаронанд, баъд ҳуҷҷат барои фаъолият бидиҳанд. Дар санҷиш бояд танҳо дониш ва маҳорати сухангӯӣ ба инобат гирифта шавад, на шахсият ё худ фарзанди кадом каси шинохтаву барҷаста будани бибиотунҳо.
Ба он шахсоне, ки иҷозатнома нагирифтаанду боз байни мардум бо тарғиби бесаводонаи худ машғул мешаванд, ягон намуди ҷазо пешбинӣ гардад.
Мастура ТЕМУРОВА,
шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3264