номаҳо
Фарди некманишу ташаббускор
Олимқул Ҳамроқулов,–раиси ширкати кишоварзии «Ғелониён»-и деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент, аз зумраи шахсиятҳоест, ки бо амалҳои некаш байни мардуми деҳоти водии Зарафшон обрӯ ёфтааст. Бархурдории мардуми деҳот аз тамошои канали телевизиони тоҷик, аз алоқаи телефонҳои мобилӣ, бунёдгузории мактаби 54-и ҳудуди ширкат ва берунтар аз деҳ бунёди маҳаллаи аҳолинишин, ки мардум «Олимобод» номгузорӣ кардаанд, натиҷаи талошу заҳматҳои ӯ мебошанд. Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Олимқул Ҳамроқулов қисме аз мардуми Фароб дар назди манзилҳои хеш соҳиби хатҳои обгузар гардидаанд.
Фирӯзшоҳи Зарафшонӣ,
ҷавоншоири бистарӣ
аз деҳоти Фароби
шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3411