номаҳо
Мушкилотамон рафъ гардид
Мо мехоҳем арзи сипос ва миннатдории худро ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи иҷроияи Президент аз тариқи рӯзномаи шумо, гӯшаи «Розу ниёз» баён кунем. Моҳи декабри соли 2008 ба номи Сардори давлат бо мактуб барои ҳалли мушкилоти худ муроҷиат карда будем.
Хушбахтона, он мушкилоте, ки мо нисбати таъмини барқ ва пардохти ҳаққи он доштем, пурра ҳалли худро ёфтанд. Таъмири роҳҳои харобгаштаи мошинагарди деҳа барои иҷро ба нақшаи соли 2009 аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон гирифта шуда, зери назорат мебошад.
Ба ҷойи биноҳои дар ҳолати садамавӣ будаи мактаби деҳа ба нақша гирифтанд, ки бинои нав бисозанд.
М. ИБРОИМХОНОВ,
деҳаи Борсеми
ноҳияи Шуғнони ВМКБ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3322