logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТУХМИПАРВАРӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 «Дар бораи тухмипарварӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 20) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати даҳуми моддаи 2, қисми дуюми моддаи 7, қисми дуюми моддаи 27 калимаҳои «Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ» ба калимаҳои «Феҳристи давлатии навъҳо» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 2:
- сархати ҳабдаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
« - Феҳристи давлатии навъҳо – рӯйхате, ки ба он навъҳо ва дурагаҳои растании аз санҷиши расмӣ гузаронидашуда дохил карда мешавад;»;
- аломати нуқта дар охири сархати ҳабдаҳум ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад.
- сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
« - Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо – рӯйхате, ки ба он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо машғулбуда дохил карда мешаванд.».
3. Дар қисми дуюми моддаи 6, қисми сеюми моддаи 7, қисми дуюми моддаи 8, қисми дуюми моддаи 9, қисми дуюми моддаи 10, қисми дуюми моддаи 11, қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 16, моддаи 17, қисми якуми моддаи 18, қисми дуюми моддаи 21, қисми сеюми моддаи 22, қисми сеюми моддаи 23, қисмҳои якум ва чоруми моддаи 24, қисми якуми моддаи 25, қисми панҷуми моддаи 26, қисмҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи 27  калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 14  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 14. Феҳристи давлатии навъҳо
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, фурӯш ва истифодаи  тухмии растаниҳое иҷозат дода мешавад, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил карда шудаанд.
Ба Феҳристи давлатии навъҳо дохил ва хориҷ кардани навъҳоро  мақоми  давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо амалӣ менамояд.
Мақоми  давлатии  санҷиш  ва  бақайдгирии навъҳо маълумотро оид ба дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба Феҳристи давлатии навъҳо дар нашрияи расмии мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ  нашр ва ба шабакаи интернет дохил мекунад.
Тартиби дохил ва хориҷ кардани навъҳоро  ба Феҳристи давлатии навъҳо, инчунин пешбурди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.».
5. Ба Қонун моддаҳои 141  ва 142 бо мазмуни зайл илова  карда шаванд:
«Моддаи 141. Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо
Ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои  аслӣ ва элитаи растаниҳо маълумот оид ба ном ва суроғаи шахси ҳуқуқӣ, инчунин насаб, ном, номи падар ва суроғаи маҳали зисти шахси воқеӣ, номгӯи растанӣ ва навъҳои истеҳсолшавандаи тухмии аслӣ ва элитаи растаниҳо дохил карда мешавад.
Истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо уҳдадор мебошанд, ки на дертар аз як моҳи оғозшавии фаъолият оид ба истеҳсоли тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо  ба мақоми  давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо, ки онро ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо дохил менамояд, маълумот пешниҳод намоянд.
Истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо уҳдадоранд дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ба мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо оид ба зарурати ворид намудани тағйирот ба маълумоти дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинигардида, барои дохил намудан ба Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо  маълумот пешниҳод намоянд.
Мақоми давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо маълумоти дар Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо мавҷудбударо ба шабакаи интернет дохил мекунад.
 Тартиби пешбурди Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳоро мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 142. Истифодаи навъи растаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо вориднашуда
Тухмии растаниҳое, ки мансубияти навъӣ доранд ва ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид карда нашудаанд, барои корҳои зерин истифода бурда мешавад:
-  гузаронидани  корҳои илмию тадқиқотӣ, санҷиши давлатии навъҳо ва намоиш;
- барои истеҳсол ва фурӯш берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кишт дар ҳолатҳои талафёбӣ ё осебёбии кишт (ниҳолҳои кӯчатшуда) - и растаниҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулода ё мавҷуд набудани тухмӣ дар Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ  дар соҳаи кишоварзӣ.
Тухмии растаниҳои мансубияти навъидошта, ки аз Феҳристи давлатии навъҳо хориҷ карда шудаанд, танҳо дар давоми ду соли баъди хориҷкунӣ истифода бурда мешаванд.».
6. Дар моддаи 19:
-  қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Фонди давлатии тухмӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ ташкил дода шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ гардида, моликияти ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад.»;
- қисмҳои чорум, панҷум ва шашум хориҷ карда шаванд.».
7. Моддаи 20 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 20. Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо
  Фонди суғуртавии тухмии растаниҳо аз захираҳои тухмии навъҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо воридшуда иборат буда, барои дар ҳолатҳои талафёбӣ ё осебёбии кишти (ниҳолҳои кӯчатшуда) растаниҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулода барои расонидани кумаки бозгашт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ  таъсис дода мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсоли тухмии растаниҳо машғуланд, тибқи меъёрҳои муайянгардидаи, мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ фонди захиравиро ташкил менамоянд.».
8. Қисми панҷуми моддаи 21 хориҷ карда шавад.
9. Ба Қонун моддаҳои 211 ва 212 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«Моддаи 211. Муайян намудани сифати навъи тухмӣ
 Сифати навъи тухмӣ дар асоси талаботи стандартҳои давлатӣ  дар соҳаи тухмипарварӣ барои ҳар як гурӯҳи тухмӣ ва намудҳои растанӣ муқаррар карда мешавад.
Тозагии навъ ё мансубияти растанӣ, ки ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид карда мешавад, пеш аз ба фурӯш баровардан барои муқаррар намудани сифати навъ бояд ҳатман зери таҳқиқи саҳроӣ, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси  лаборатории сифатии навъ қарор гирад.
Сифати навъи тухмии растаниҳо дар асоси гузаронидани таҳқиқи саҳроии  кишти растаниҳо, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси  лаборатории сифати навъи киштшуда муайян карда мешавад.
 Тартиби гузаронидани таҳқиқи саҳроии кишти растаниҳо, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси лаборатории сифати навъи киштшударо мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 212. Санҷиши давлатии навъҳо
Санҷиши давлатии навъҳо бо мақсади муайян кардани аломатҳои  монанд, навин, фарқкунанда ва устувории навъҳо, арзишнокии иқтисодӣ ва биологии онҳо аз тарафи мақоми  давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо бо  тартиби муқаррарнамудаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.».
10. Аз қисми дуюм моддаи 23, қисми сеюми моддаи 24, қисми дуюми  моддаи 25 ва матни моддаи 30 калимаи «ваколатдори» хориҷ карда шавад.
11. Номи Боби 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«БОБИ 7. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ТУХМИПАРВАРӢ»
12. Моддаи 29  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 29. Мақомоти танзими давлатӣ дар  соҳаи тухмипарварӣ
Танзими давлатӣ дар соҳаи тухмипарвариро Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи  кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд.».
13. Ба Қонун моддаҳои 291, 292 ва 293 бо мазмуни зайл илова  карда шаванд:
«Моддаи 291.  Салоҳияти Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  тухмипарварӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  тухмипарварӣ  дохил мешаванд:
-  татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи   тухмипарварӣ;
- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи  тухмипарварӣ;
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба танзим ва рушди соҳаи тухмипарварӣ;
- амалӣ  намудани  дигар салоҳият тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 292. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба тухмипарварӣ
          Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба тухмипарварӣ дохил мешаванд:
- таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди соҳаи тухмипарварӣ;
- тасдиқи нақшаи истеҳсоли тухмии растаниҳо;
- муқаррар намудани тартиби истифодаи борҷомаю воситаҳои борбандӣ, тамға, нигоҳдорӣ ва интиқоли тухмии растаниҳо;
- муайян намудани тартиби пешбурди Феҳристи давлатии навъҳо ва Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо;
- тасдиқ намудани шакли Шаҳодатнома оид ба  сифати тухмӣ;
- таъсис додани Фонди давлатии тухмӣ ва Фонди суғуртавии тухмӣ;
- баррасии  тартиби истифодаи тухмии растаниҳое, ки ба Феҳристи давлатии  навъҳо дохил карда нашудаанд;
- тасдиқ намудани номгӯи тухмии растаниҳои барои фурӯш пешбинишуда, ки анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва (ё) ташхиси  лаборатории сифати навъи тухмии онҳо  ҳатмӣ мебошад;
- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
-  амалӣ намудани дигар  ваколатҳо  тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 293. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи   тухмипарварӣ  тадбирҳои зеринро амалӣ  менамоянд:
- таҳияи барномаҳо, нақшаи чорабиниҳои минтақавӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (ноҳия) ва назорати иҷрои онҳо;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1238


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТУХМИПАРВАРӢ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2015, № 187


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТУХМИПАРВАРӢ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 125


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-236    Мутолиа карданд: 3154
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед