logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015, № 3, мод. 204) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 2 моддаи 10 пас аз калимаи «судя,» калимаҳои «машваратчии халқӣ,» илова карда шаванд.
2. Дар қисми 2 моддаи 12:
- сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба талаботи қисми 1 ҳамин модда ҷавобгӯ набошад;»;
- дар сархати дуюм калимаҳои «ҷинояти қасдона доғӣ судӣ дошта бошад.» ба калимаҳои «ҷиноят маҳкум шуда бошад;» иваз карда шаванд;
- сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- аз мақомоти давлатӣ, судӣ, адлия, прокуратура, адвокатура дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ барои вайрон кардани савганди касбӣ, содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта аз вазифа озод карда шуда бошад;
- дар асоси сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29 – 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад.».
3. Ба қисми 1 моддаи 13 пас аз калимаи «он» калимаҳои «, инчунин гузаронидани ат-тестатсияи адвокатҳо» илова карда шаванд.
4. Дар қисми 2 моддаи 14:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
- дар сархати панҷум калимаҳои «ҷойдоштани доғи судӣ» ба калимаҳои «ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан ва маҳкум гардидан» иваз карда шаванд.
5. Ба қисми 1 моддаи 21 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан аз вазифа дур кардани адвокат;».
6. Дар қисми 1 моддаи 22:
- дар сархати чорум калимаҳои «ҷинояти қасдона» ба калимаҳои «ҷиноят ва ё қабул гардидани қарор дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан бо асосҳои дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29 – 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида» иваз карда шаванд;
- сархатҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- аз аттестатсия нагузаштани адвокат;
- аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додани адвокат;
- барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтани адвокат;».
7. Дар қисми 1 моддаи 35 калимаи «бардоранд.» ба калимаҳои «бардошта, дар назди Комиссияи тахассусӣ аз аттестатсия гузаранд. Тартиби гузаронидани аттестатсияи адвокатҳоро Иттифоқи адвокатҳо муайян мекунад.» иваз карда шавад.
8. Қисми 1 моддаи 45 хориҷ карда шуда, қисмҳои 2, 3, 4, 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 1, 2, 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.   
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1237

ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД
НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 4 ноябри соли 2015, № 212

ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» - ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 124
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-236    Мутолиа карданд: 3414
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед