номаҳо
Дардошнои Мардум
Дар даврони истиқлолият Худо меҳрубонии дигареро барои мо арзонӣ дошту роҳбарии ноҳияи мо- Шаҳртусро чанд соли охир Холмаҳмад Раҳмонов ба ӯҳда гирифт. Аз сарвари ноҳия шудани акои Холмаҳмад соли бисёре нагузашта бошад ҳам, туфайли роҳнамоиву ташкилотчигии вай таълимгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои савдо, бозорҳо қомат афрохтанду тармиму таъмир гаштанд. Агар онҳоро ҳисоб кунем, хеле зиёданд ва ба назар чунин мерасад, ки маҳалу мавзеъҳои ноҳия тӯли роҳбарии ин марди Худо дар мӯҳлати на чандон зиёд симои пешинаи худро дигар кард. Маҳз заҳматҳои зиёди ин марди шариф буд, ки мардуми деҳаи Сайёд дар мактаби рақами 21 бинои нави таълимиро ба тариқи ҳашар ба истифода доданд.
Раиси мо ба ёдгориҳои таърихӣ меҳру дилбастагӣ ва эҳтироми хоса дорад. Аз ин рӯ мекӯшад бо кӯмаки мардум биноҳои харобгашта аз нав барқарор шаванд ва бо симои аслию қадимаи худ ба зоирон пешкаш гарданд. ӯ тавонист, ки мардуми деҳоти Искраву Айвач ва Сайёдро ба ин кор сафарбару дилгарм намояд. Инак, баъди заҳматҳои зиёд мақбараи қадимаи Тиллоҳаллоҷӣ дар Айваҷ, ёдгории қарни 19- Ҳавлии Бобои Эшон дар деҳаи мо ва мазори Ҳазрат-бобо дар деҳаи Искра барқарор ва аз фаношавӣ ҳифз карда шуданд. Дар мавзеи табобатии Хоҷаи Кон биное қомат афрохт, ки дар гармои тобистон мардуми ба табобат омадаро аз офтоби сӯзони фасли тамуз наҷот медиҳад. Таъмиру эҳёи мадрасаи қадимтарини Осиёи Марказӣ –Хоҷамашҳад низ бо муваффақият идома дорад.
Акои Холмаҳмад ба мардуми одиву халқи заҳматкаш дилсӯзиву қаробати зиёд дорад. Ташкилотчиву иштироккунандаи аксари ҳашари мардумӣ худи ӯст. Дасту остин бармезанаду ҳамроҳи ҳашарчиён кор мекунад.
Соли гузашта ҳангоми сӯхтори сехи пахтазанӣ дар деҳаи мо ду ҷавон сӯхт. Махсусан аҳволи Сино Авазов, бениҳоят вазнин гардид. Мо худ шоҳид будем, ки раис ба ҳоли ҷабрдидагон монанди падар месӯхту дармон меҷӯст. Ба духтурони шифохонаи марказии ноҳия барои дарёфти дору кӯмак расонд. Духтурон беморро ба беморхонаи пойтахт интиқол доданд. Сино сиҳат ёфт ва ба деҳа баргашт.
Ин мисоли ягона нест. Мардуми деҳаи Сайёд ва ҳам мавзеъҳои дигари ноҳия аз самимияту дилсӯзии ба заҳматкашон доштаи акои Холмаҳмад мисолҳои бешумор медонанду дар ҳақаш дуои нек мекунанд.
Махфират ҒУЛОМҲАЙДАРОВА,
Сулаймонқул ҚОСИМОВ,
Зикир ҒУЛОМОВ ва дигарон,
деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳртус
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3165