logo

президент

Дар машварат оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиат сухан рафт

18 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои шадиди табиӣ, иҷрои буҷети давлатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқу захираҳои обӣ, иҷрои нишондодҳои барқияи Сардори давлат оид ба истифодаи аксҳои Президенти мамлакат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ шуданд.
Оид ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои шадиди табиат дар вилояти Хатлон раиси вилоят Ғайбулло Авзал ва дигар шахсони масъул гузориш доданд. Зикр гардид, ки танҳо дар ноҳияи Хуросон 148 хона пурра ва 127 хонаи дигар қисман зарар дидаанд. Тибқи гузоришҳо, дар якчанд шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ баъзе хонаҳои истиқоматӣ қисман вайрон шуда, дар зиёда аз 15 ҳазор гектар замин кишти зироатҳо зарар дидааст. Дар 10 ҳазор гектар заминҳои зарардида аллакай дубора пахта ва дигар зироатҳо кишт карда шудаанд.
Сардори давлат Эмомалӣ       Раҳмон ба шахсони масъул қотеъона супориш дод, ки барои оилаҳои аз боришоти борони зиёд ва омадани селу лойқа бехонамонда дар ҷойҳои бехавф манзилҳои нави истиқоматӣ сохта дода шаванд. Таъкид гардид, ки онҳо то 6 - уми ноябри соли равон бояд вориди хонаҳои нав шаванд. Ҳамчунин баҳри таъмини онҳо бо ҷойи зисти муваққатии дорои ашёи рӯзгор ва шароити зарурии тиббию санитарӣ, таъминот бо хӯрока ва оби нӯшокӣ ва одилона тақсим намудани қарзи имтиёзноку кӯмакпулиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва маблағу ашёи дигари ёрии башардӯстона супоришҳои қатъӣ дода шуд. Роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки кӯдакони оилаҳои зарардидаро дар лагерҳои тобистона ва мавзеъҳои дигари фароғатӣ ҷой диҳанд.
Оид ба хисороти расондаи офатҳои табиат ва рафти бартарафсозии оқибатҳои онҳо ҳамчунин раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев гузориш доданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси ноҳияи Рашт Маҳмадшариф Толибов ва дигар шахсони масъул ҳамчунин оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ки баъди сафарҳои Президенти мамлакат ба ин минтақаҳо таҳия гашта буданд, гузориш доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки сохтмони иншооти сершумор дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт бо суръат ва сифати баланд идома дорад.
Сардори давлат Эмомалӣ       Раҳмон ба онҳо оид ба гузарондани кишти саривақтии картошка ва дигар зироатҳо ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас дод.
Дастурҳои  қатъӣ ҳамчунин оид ба кам кардани талафоти нерӯи барқ, аз ҷумла тавассути таъмини аҳолии камбизоат бо фурӯзандаҳои каммасраф ва пурра гузаштан ба истифодаи онҳо дода шуд.
Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки мутобиқи талаботи барқияи махсуси телефонии Сардори давлат истифодаи аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба низом дароварда, ба корҳои худнамоӣ аз ҷониби мансабдорон роҳ надиҳанд.

www.president.tj


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3838
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед