logo

ҳукумат

ОҚИБАТҲОИ ЗАМИНЛАРЗА ДАР БАДАХШОН БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Субҳи 9 декабр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид.

Дар оғози машварат Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба талафоту хисороти аз заминларза расида ва чораҳои фаврии андешида гузориш дод.
Зикр гардид, ки дар қаламрави ВМКБ  237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меоянд.  Ҳамчунин, иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо, қисман зарар дидаанд. Сокинони хонаҳои пурра харобгашта дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маҳсулоти ғизоӣ, сару либос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин шудаанд.
Тоза кардани роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз сангу шағали бар асари заминларза болои роҳҳо рехта бо сафарбарии техникаю механизмҳои зарурӣ муташаккилона идома дорад. Як қисми роҳҳо аллакай тоза шудаанд. Давоми се рӯзи оянда ҳамаи роҳҳо пурра тоза карда мешаванд.
Комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ шабу рӯз фаъоланд. Супориш дода шуд, ки дар мавзеъҳои бехавф барои бунёди маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ҷойҳо муайян карда шаванд, то ки аз баҳору тобистони соли оянда мардум ба бунёди хонаҳои нав оғоз намоянд.
Тибқи дастури дигари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва дигар ашёи талаботи ҳаррӯза дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бояд фаровон захира карда шаванд.
- Чархболҳо низ барои расондани ёрии фаврӣ ва интиқол додани одамон ба ҷойҳои бехавф дар мавзеъҳои наздик ба ноҳияҳои аз заминларза осебдида ҳамеша омода бошанд, - таъкид намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2015    №: 246    Мутолиа карданд: 13037
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед