logo

маориф

ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ БА ТАШАККУЛИ ҒОЯҲОИ МИЛЛӢ ҶАВОБГӮ НЕСТАНД

Маълум аст, ки  имрӯз масъалаи  ифтихор ва шаъну шарафи миллӣ доштан  яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор рафта, диққати  тамоми  мутахассисону олимонро ба худ ҷалб менамояд. Масъалаи мазкур дар  баробари  муҳимият доштан боз ба дигар  ҷабҳаҳои ҳаёт таъсири қавӣ расонида, проблемаҳоеро  рӯи кор оварда истодааст, ки ҳалли онҳо бештар ба  таълиму тарбия вобастагӣ дорад. Аз ҷумла,  дар тарбияи миллӣ ва паҳлуҳои мухталифи он  дар замони муосир саҳифаҳои наве  пайдо шуда истодаанд, ки пештар аз мадди назар дур монда буданд.

Махсусан, масъалаҳои худшиносию худогоҳии миллӣ  бештар ба интернатсионализми сиёсӣ печида, моҳияти худро гум карда буданд. Албатта, ифтихори миллӣ доштан ин озодии  сиёсиест, ки ҳар як  шаҳрванд  онро ҳамчун   орзую ормон парастиш намуда, барои  рушду нуму ва пешравии кишвар   истифода мебарад.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷгузорӣ  ба арзишҳои   замони соҳибистиқлолӣ, махсусан ба зиммаи наслҳои  ҷавон  ва устодону таълимдиҳандагон   вазифаҳои наверо  вогузор менамояд, ки  барои  ифтихори миллӣ ва ҳувиятсозӣ аҳамияти хоса доранд.
Дар баробари ин, боз яке аз омилҳое, ки  ба ифтихормандии ҷавонон  таъсири мусбат мерасонад, ин  ҷалб намудани  шахсони обруманд, донишманд ва шинохтаи миллат  мебошад, ки онҳо дар раванди  дигаргуниҳои ҷомеа  барои  таълиму тарбия  нақши  муҳим мебозанд.
Зиёда аз ин, ҳоло ба раванди  таълиму тарбия бо ворид  гардидани  низоми таҳсилоти кредитӣ  ва дигар  тағйироти  нави ҷаҳонӣ  ба ҳукми анъана даромадааст. Дар баъзе ҳолатҳо омӯзиши фанҳои гуманитарӣ  ва методикаи таълими онҳо ба куллӣ тағйир  ёфта, предметҳои таълимӣ ба  равандҳои  нави ҷомеа ҷавобгӯ нестанд.      
Ҳамаи ин дар маҷмӯъ метавонад ба фазои маънавии ҷумҳурӣ таъсири  манфӣ  расонда, раванди таълиму тарбияро халалдор намояд.
Солҳои охир баъзан ҷавонони камтаҷрибаю камсавод зери таъсири рӯҳониёни тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои динӣ - сиёсӣ қарор ёфта, ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Мутаассифона, имрӯз  чунин далелҳои шомилшавии ҷавонону наврасон ба сафи  созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ - экстремистӣ мушкилиҳои наверо эҷод  менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки  кӯшиши бунёд намудани  мафкураи бегонаи  динӣ метавонад   имрӯз аз ҳама зиёдтар таҳдидҳои ҷиддиро барои афзудани сатҳи таассубу хурофот, зуҳури ифротгароӣ муҳайё намояд. Дар баробари  ин, таассуби динӣ имрӯзҳо дар доираи зиёиён, ҳатто дар устодоне, ки дар макотиби миёнаю олӣ  таълим медиҳанд, роҳ ёфта истодааст, бахусус, миёни устодони ҷавону миёнасол. Аз ин рӯ, агар  таълиму тарбия дар сатҳи баланди  миллӣ  қарор ёфта тавонад, пас пеши роҳи ташаккули фарҳанги бегона  ва роҳ ёфтани ақидаҳои барғалатро гирифтан душвор намегардад.
Ҳамин тариқ, вобаста ба баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ кардани гароиши наврасону ҷавонон аз равияҳои бегона ва тарғиби ҳаёти солим, пешниҳод карда мешавад, ки омӯзгорон  дар раванди таълиму тарбия бештар ба бедор намудани ҳисси далериву ифтихормандӣ дар наврасон таваҷҷуҳ намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарварию худшиносии миллӣ  тарбия намоянд. Зеро ояндаи давлати миллӣ ва пешравии он бештар ба ҷавонон вобастагӣ  дорад.

Г. ХОҶИМАТОВА,
доктори илмҳои  педагогӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2015    №: 249    Мутолиа карданд: 1677
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед