logo

энергетика

БАРҚИ ОБӢ - СИПАРИ ЧОЛИШҲОИ ЭКОЛОГӢ

Дар Тоҷикистон неруи барқ дар шабакаи энергетикӣ, асосан аз ҳисоби  неругоҳҳои барқи обӣ (92,4 дарсад) истеҳсол мешавад. Ба неругоҳҳои барқи ҳароратӣ 7,6 дарсад рост меояд. Солҳои охир истеҳсоли неруи барқ аз захираҳои обӣ ва сӯзишвории воридотӣ аз 16,5 то 17 миллиард кВт - соатро ташкил медиҳад.

Ин нукта дар порлумони кишвар зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи Барномаи истифодаи самараноки захираҳои обии энергетикӣ ва сарфаҷӯии неруи барқ барои солҳои 2012-2016» зикр гардид.
Пӯлод Муҳиддиниён, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки барномаи мазкур самтҳои асосии истифодаи самараноки захираҳои обии энергетикӣ, роҳандозии нақшаю чорабиниҳо дар бахши самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергия, истифодаи оқилонаи неруи барқ ва коҳиш додани талафоти неруро фаро мегирад ва сиёсати пешгирифтаи давлатро ҷиҳати ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ муайян месозад, бахусус, дар ҳоле ки ҷаҳон дар пешорӯйи чолишҳои тағйирёбии иқлим қарор дорад ва рушди захираҳои тозаи экологӣ дар бахши энергетика яке аз ҳадафҳои муҳими ҷомеаи башарӣ дар роҳи ҳифзи табиат мебошад. Истифода аз манбаъҳои алтернативӣ ва обии энергетикӣ ба сайёра ва экология безиён аст.
Асозода Муҳаммадумар, раиси Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, оид ба маҳдудияти неруи барқ дар кишвар дар мавсими тирамоҳ ва зимистон ёдовар шуд:
- Нарасидани қувваи барқ дар ин мавсим тақрибан ба 2,5 - 3 миллиард кВт-соат баробар аст. Ҳамзамон, ҷумҳурӣ дар тобистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ буда, бинобар сабаби мавҷуд набудани истеъмолгарони дохилӣ, новобаста ба имкониятҳо миқдори ками неруи барқи барзиёд содирот мешавад. Дар 9 моҳи соли 2015 содироти барқ 1 миллиарду 215 миллион кВт-соатро ташкил додааст. Татбиқи як қатор лоиҳаҳо барои рушди имкониятҳои содиротии кишвар дар мавсими тобистон равона шудаанд.
Абдулло Қурбонов, директори иҷроияи маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика, оид ба моҳияти қабули барномаи истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетика сухан ронда, зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин лоиҳаҳо бартараф намудани эҳтиёҷи кишвар ба неруи барқи воридотӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки аз ҳисоби сармоягузории дохилӣ ва берунӣ дар баробари таъмиру барқарорсозӣ ва ба истифода додани иқтидорҳои нав ба роҳ мондани сохтмони зеристгоҳҳои баландшиддат ва хатҳои интиқоли барқ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Вакилон ва ширкатдорони ҷаласа оид ба сифат ва таъмини тавонмандии энергияи обӣ дар минтақа ва дар оянда ба талаботи бозор ҷавобгӯ сохтани он сухан гуфта, иҷрои барномаи мазкурро яке аз омилҳои муҳим дар рушди бахши энергетикаи кишвар, ҷалби бахши сармояи хориҷӣ, рушди бахши саноатии кишвар ва баромадан аз бунбасти энергетикӣ дар мавсимҳои зимистон ва тирамоҳ арзёбӣ карданд.
Ҳарамгул САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2015    №: 249    Мутолиа карданд: 14582
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед