logo

муҳоҷират

МУШКИЛЕ НЕСТ, КИ ОСОН НАШАВАД

ОИД БА ШАРТҲОИ ВУРУДИ ДУБОРАИ ШАҲРВАНДОН БА РУСИЯ

Гурӯҳи коршиносони Тоҷикистону Русия ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Русия  манъ гардидааст, баррасӣ намуданд. Айни замон, баъди баррасии аризаҳои пешниҳодгардида, аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати   Федератсияи Русия ба 1345 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави  ин кишвар дода шуд.

Моёншо Маҳмадбеков, сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иброз дошт, ки «ба панҷ категорияи шаҳрвандон, ки масъалаи дубора ворид шудани онҳо ба Русия баррасӣ гардид, донишҷӯёну аспирантҳои бахши рӯзона, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил доранд; шаҳрвандоне, ки ба табобат дар муассисаҳои табобатии Русия эҳтиёҷманданд; шаҳрвандоне, ки иҷозати иқомати муваққатӣ доранд ва онҳое, ки дар ин кишвар як давраи муайян фаъолияти корӣ доштаанду бо содир кардани ягон ҳуқуқвайронкунӣ чунин маҳдудият нисбат ба онҳо ҷорӣ шудааст, шомил мешаванд. Ҳамчунин, шаҳрвандоне, ки дар Федератсияи Русия моликияти хусусӣ доранд, иҷозаи дубора ворид шудан ба ин кишварро дарёфт менамоянд. Ҳоло аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҳуҷҷату маълумотҳои ҳудуди 500 нафар омода ва барои баррасӣ ба Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия ирсол  шудааст». 
Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон барномаи ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо манъ аст, тасдиқ гардидааст. Ҷиҳати таъмини омодагии дурусти муҳоҷирони меҳнатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе  174 нафар соҳиби сертификати донистани забон, таърих ва қонунгузории Федератсияи Русия гардиданд. Дар ҳамин давра аз ҷониби муассисаҳои таълимии Русия ба 308448 муҳоҷири меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сертификат дода шуд.
Барои саривақт огоҳ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз талаботи нави қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират аз ҷониби сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, тавассути воситаҳои ахбори омма пайваста гузоришҳо ва эълонҳо пахш мешаванд.

Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2015    №: 251    Мутолиа карданд: 29758
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед