logo

маориф

ХАТЛОН. МАКТАБСОЗӢ ДАР АВҶ

Дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва  Панҷ бахшида ба 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷараёни сохтмони бинои мактабҳо, синфхонаҳо ва толорҳои варзишӣ идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони бинои нотамоми мактабҳое, ки дар замони шӯравӣ оғоз гардида буданд, навсозӣ мешаванд.
Дар доираи татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” ва амалигардонии Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Бонки исломии рушд таҷдиду навсозии бинои мактаби миёна барои 624 ҷойи нишаст дар ноҳияи Панҷ, ки сохтмони он аз соли 1988 оғоз гардида, соли 1991 мавқуф гузошта шудааст, идома дорад. Барои иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ дар мактаби зикргардида 1867184,92 доллари ИМА пешбинӣ гашта, иҷрои корҳои сохтмонию васлгариро пудратчии асосӣ - Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ИИИС Техноинвест» ба уҳда дорад. Бинои таълимӣ дуошёна буда, дорои 20 синфхона, китобхона, ҳуҷраи кории директор, муовинони директор, ҳуҷраи муаллимон, ошхона, маҷлисгоҳ барои 160 ҷойи нишаст ва толори варзиш мебошад.
Корҳои сохтмонии мактаби № 15 - и ноҳияи Фархор, ки барои 380 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, рӯзҳои наздик ба охир мерасанд. Ин мактаб аз ҷониби ширкати сохтмонии «Ҳамсафар» бо сарфи 2009470,94 доллар сохта мешавад. Мактаб дорои 17 синфхона ва 7 утоқи фаннӣ, аз ҷумла, физика, химия, биология, компютерӣ ва хона барои бозиву истироҳати наврасон аст. Инчунин, дар мактаби мазкур сохтмони толорҳои варзиш, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона, буғхона бо назардошти технологияи муосир, ки дар фасли зимистон бо истифодаи ангишт имкони гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳои биноро дорад, ба нақша гирифта шудааст.
Сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор, ки бо ҷалби 12 сохтмончӣ ҷараён дорад, чандон қонеъкунанда нест. Тавре маълум гардид, маблағи музди меҳнати кормандон аз ҷониби пудратчӣ саривақт пардохт нашуда, маҳсулоти сохтмонӣ пурра дастрас намешавад. Ёдовар мешавем, ки сохтмони бинои шуъбаи маорифро ташкилоти “Восеи нур” ба уҳда дошта, барои он 1560595,56 сомонӣ пешбинӣ шудааст. 
Дар деҳаи Пушкини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёди мактаби миёна барои 624 ҷойи нишаст (дар як баст)  ва дар деҳаи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб сохтмони мактаби миёна ба ҳамин миқдор ҷойи нишаст идома дошта, барои иҷрои корҳои сохтмонию васлгарии ин мактабҳо маҷмӯан 5003729 доллар ҷудо гардидааст.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар, зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз рафти сохтмони иншооти мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Панҷ, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намуда, нисбат ба сифати корҳои анҷомшуда дар бархе аз онҳо изҳори норозигӣ кард. Вазири  маориф ва илм ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла қайд кард, ки баробари сохта ба истифода додани мактабҳои наву замонавӣ мактабҳои то ин вақт фаъолияткунанда аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ табдил дода шаванд. Таъкид шуд, ки ҳангоми сохтмони биноҳои таълимӣ барои хонандагони имконияташон маҳдуд низ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Ҳарамгул САНГОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2015    №: 253    Мутолиа карданд: 1433
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед