logo

маориф

БЕ МЕНЕҶЕР КОР ПЕШ НАМЕРАВАД

Чанде пеш бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  ва  Ассотсиатсияи миллии менеҷерону маркетингшиносон конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои менеҷменти муосири Тоҷикистон» доир гардид, ки роҳҳои ҳалли як қатор масъалаҳои соҳаро рӯшан сохт.  Олимони  иқтисодшинос, аз ҷумла Лутфулло Саидмуродов, директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳо,  Рустам Қудратов,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, доктори илмҳои иқтисодӣ,  Сайфулло Сафаров,  муовини директори Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ ва дигар ихтисосмандон перомуни мавзӯъ назари худро баён намуданд. 

Ашӯрбой Солеҳзода, ректори донишкада, баррасии мавзӯъро дар даврони иқтисоди бозорӣ хеле муҳим дониста, омода кардани менеҷерони ватаниро барои истифодаи самараноки захираҳои иқтисодӣ зарур шумурд. Зикр  шуд, ки  яке аз масъалаҳои муҳим  омода  кардани кадрҳои баландихтисос дар ин ҷода  таъмини  омӯзгорон бо китобҳои дарсӣ аст. Ҳоло  ҳайати омӯзгорони кафедраи менеҷменти донишкада ду китоби дарсӣ «Менеҷмент»  ва  «Менеҷменти стратегӣ» - ро бо забони давлатӣ таҳия ва нашр намудаанд, ки бешак ба беҳтар гардидани  сифати таълим мусоидат менамоянд.
Ҳарчанд  дар макотиби олии мамлакат омодасозии кадрҳои соҳаи менеҷмент тайи солҳои охир ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст, менеҷерони ватанӣ дар бахшҳои иқтисодиву соҳибкорӣ ҷойгоҳи хоси худро пайдо накарданд.
Ба андешаи Шавкат Бозоров, мудири шуъбаи менеҷменти донишкада,  дар шароити муосир мушкилоти  асосии соҳа  омодасозии кадрҳо вобаста ба талаботи  бахшҳои  иқтисод мебошад.  Барои беҳтар гардидани малакаи менеҷерони оянда дар макотиби олӣ таълим бо таҳқиқот ва амалия  бояд тавъам бошад.  Махсусан, доштани донишҳои назариявии алоқаманд ба таҷриба  дар самти идоракунӣ, қобилияти хуби ҳамкорӣ ва муносибат барои онҳо нақши асосӣ доранд. Аммо, аз тарафи дигар,  соҳаи менеҷмент ҳамчун бахши афзалиятноки иқтисодӣ аз сӯйи соҳибкорони истеҳсолӣ ва роҳбарони  корхонаҳо хуб дарк  нашудааст. Мутахассисони соҳа ба кор дар корхонаҳо ва ташкилотҳо ҷалб нагардида, оҳиста – оҳиста аз фаъолияти тахассусӣ берун рафтанд. Ҳол он ки кишвари мо аз сохти  сотсиалистӣ пурра ба иқтисоди бозоргонӣ гузашт. Ҳама  гуна шохаҳои иқтисодӣ, бавижа соҳибкории истеҳсолӣ бояд аз дидгоҳи менеҷерон дур намонанд. Зеро менеҷери хуб дар ҳама соҳа натиҷаи корро бештар месозад. Идоракунии хуб, ояндабинии  дақиқ ва идеяву пешниҳоди бамаврид метавонанд иқтисодиёти кишварро аз ҳар гуна хатарҳо эмин нигоҳ доранд ва баҳри татбиқи консепсияҳои гуногун имконият фароҳам оваранд.
Муҳаққиқони бахши менеҷмент иброз доштанд, ки дар  Тоҷикистон соҳа марҳилаи  рушдро аз сар мегузаронад ва тайёр намудани кадрҳо ба  роҳи азхуднамоии усулҳои муосир  роҳандозӣ гардидааст. Мутахассисони ватанӣ кӯшиш доранд, ки  назарияи анъанавии идоракуниро омӯхта,  роҳҳои устувор ва самараноки истеҳсолотро  самти кори хеш қарор диҳанд. Ҳамчунин, мавзӯъҳои имкониятҳои менеҷмент дар кишвар, рушди стратегияи миллӣ, принсип ва усулҳои идоракунӣ  дар шароити муосир, моҳияти менеҷменти молиявӣ ва аҳамияти он бояд амиқ баррасиву таҳлил карда шаванд.
Мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба менеҷмент  дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо назардошти хосиятҳои миллӣ  ташаккул додани низоми  самараноки менеҷменти Тоҷикистон мебошад.
Ширкатдорони конфронс тасмим гирифтаанд, ки натиҷаи таҳқиқот ва музокираҳои илмӣ бо фарогирии таҷриба барои натиҷагирӣ бо  пешниҳодҳои мушаххас ба мақомоти дахлдори давлатӣ  ирсол гардад.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2015    №: 256    Мутолиа карданд: 1571
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед