logo

маориф

МУЪМИНОБОД – БАҲОИ УМУМӢ 3,1 БАЛ

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи саводнокии хонандагонро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Муъминобод санҷида, натиҷаҳои онро ғайриқаноатбахш ҳисобид.

Дар ҷаласаи сайёри вазорат, ки дар ноҳияи Муъминобод доир гардид, Давлатмо Гулбекова, сарвари гурӯҳи санҷишӣ, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вазорати маориф ва илм аз вазъи таълиму тарбия дар ноҳия изҳори нигаронӣ намуд. Дар рафти санҷиш бо хонандагони синфҳои гуногуни муассисаҳои таълимии рақамҳои 4, 31, 48, 32, 33, 50 доир ба фанҳои дақиқу гуманитарӣ саволу ҷавоб гузаронда шуд, ки теъдоди ками хонандагон ба саволҳои шифоҳии пешниҳодшуда ҷавобҳои хешро бо далелҳо исбот карда тавонистанд.
Натиҷаи санҷиши сатҳи дониши хонандагон бори  дигар собит сохт, ки аз меъёр  баланд гузоштани баҳо имрӯз дар фаъолияти омӯзгорони ҳамаи таълимгоҳҳои санҷидашуда ба мушоҳида мерасад. Баҳои умумии хонандагон зимни санҷиш 3,1 балро ташкил дод. Оид ба иштироки роҳбарони мактабҳо ба дарсҳои омӯзгорон вазъ нигаронкунанда мебошад. Директорон ба машғулиятҳои омӯзгорон хеле кам ворид гардида, илова бар он, таҳлили дарсҳоро сатҳию қолабӣ анҷом додаанд. Дар кулли муассисаҳои мавриди санҷиш қарордодашуда омӯзгорони ҷавон дар бораи кори иттиҳодияи методӣ, шӯрои методӣ чизе гуфта  наметавонанд.
Дар рафти санҷиш зикр гардид, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии  ноҳия 291303 адад китоби дарсӣ мавҷуд аст, дар ҳоле, ки эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ 4900 ададро ташкил медиҳад. Санҷиш нишон дод, ки аз 58 муассисаи таълимӣ 52 -тояш соҳиби китобхона мебошанд, аммо шавқу рағбати китобхонӣ дар байни хонандагони синфҳои 6 - 11 паст буда, ба талаботи рӯз ҷавоб дода наметавонад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсил ба истиснои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30, ки танҳо фармоиш оид ба таъсис доданро омода намудааст, мавҷуд асту халос, дар дигар муассисаҳои санҷидашудаи ноҳия  ин гурӯҳҳо ташкил карда нашудаанд.
Парвиз Саидов, корманди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки агар шумораи довталабони азқайдгузаштаи ноҳия соли 2014 – 859 нафарро ташкил дода бошанд, пас соли 2015 теъдоди онҳо ба 1158 нафар расидааст.
Тоҳирхон Амиршозода, раиси ноҳияи Муъминобод изҳор намуда, қайд кард, ки тамоми камбудиҳое аз ҷониби гурӯҳи корӣ ошкор гардидааст,  дар муддати кӯтоҳ ислоҳ ва бартараф хоҳанд шуд.

Ҳарамгул САНГОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2015    №: 256    Мутолиа карданд: 1529
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед