logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мактаби байналмилалии Президентӣ ҳангоми вохӯрӣ бо тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳо, шаҳри Душанбе, 29 декабри соли 2015

Фарзандони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Соли нави мелодии 2016-ум, ки баъди ду рӯз фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хониши хубу аъло орзу менамоям.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, на танҳо таълиму тарбияи онҳоро бар уҳдаи худ гирифт, балки барои ба камолот расондан ва ба ҳаёти мустақилона гусел карданашон ҳамеша чораҷӯӣ менамояд.
Ман ҳар боре, ки ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафари корӣ анҷом медиҳам, аз зиндагӣ, шароит ва рӯзгори ин табақаи ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону маъюбон, маълумот гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо ба мақомоти дахлдор супориш медиҳам ва барои таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани онҳо маблағ ҷудо карда, дастгириву ғамхории доимӣ ва сол аз сол беҳтар намудани шароити ин гурӯҳи осебпазири ҷомеаро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонам.
Боиси қаноатмандист, ки аксари хонандагони чунин муассисаҳо ба мактабҳои олии дохил ва хориҷи кишвар бомуваффақият дохил шуда, даҳҳо нафари дигарашон, аллакай, соҳиби ҷойи кору оила шудаанд ва ҳоло баробари дигарон зиндагии хушбахту саодатмандона доранд.
Бори дигар таъкид месозам, ки парасторӣ намудани ятимону маъюбон ва кӯдакони бепарастор вазифа ва рисолати асосии Ҳукумати кишвар буда, дастгирии ин табақаи аҳолӣ аз ҷониби сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо низ ба роҳ монда шудааст.
Солҳои охир ба ин ташаббуси неку хайрхоҳона соҳибкорону тоҷирони саховатманд ва дигар шахсони ҳимматбаланди мамлакат низ пайравӣ намуда, онҳо ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва муассисаҳое, ки чунин шахсон тарбия мегиранд, кумакҳои беғаразона мерасонанд.
Қобили зикр аст, ки мардуми инсондӯсту хайрхоҳи мо ҳиммату саховат ва расондани ёрмандӣ ба ниёзмандонро нишонаи адои фарзи инсонӣ медонанд.
Ин аст, ки дар рӯзҳои иду арафа ва ҷашну маросимҳо аёдати барҷомондагонро ба ҷо оварда, ба ятимону маъюбон ва бепарасторону оилаҳои камбизоат дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Ман чунин меҳисобам, ки дасти сахо доштан яке аз беҳтарин хислатҳои неки инсонӣ буда, дар тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ ва саховатпешагӣ дар байни ҷомеа нақши бузург мебозад.
Фарзандони азиз!
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози ба даст овардани истиқлолият ба рушди ҳамаҷонибаи муассисаҳои интернатӣ ва беҳтар гардондани шароити онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар баробари сохтмони мактаб – интернатҳо ҳоло қариб тамоми муассисаҳои мазкур аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ҳар сол барои таъмири ҷорӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир ва дигар лавозимоти зарурӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Дар баробари ин, мо ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи малакаи касбии омӯзгорону мураббиёни мактаб – интернатҳо эътибори ҷиддӣ медиҳем.
Ҳамин аст, ки то имрӯз аксари онҳо дар кишварҳои хориҷӣ аз курсҳои таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаштаанд.
Маҳз натиҷаи дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат буд, ки рушди муассисаҳои мазкур таъмин гардида, алҳол дар кишварамон 12 муассиса барои кӯдакони синни томактабии имконияташон маҳдуд ва 74 мактаб - интернат, аз ҷумла 22 мактаб - интернат барои кӯдакони ятим фаъолият менамояд.
Дар муассисаҳои таълимии зикргардида, дар маҷмӯъ, зиёда аз 12 ҳазор нафар хонандагон таҳти ғамхории давлат қарор доранд.
Фарзандони азиз!
Ҳукумати кишвар минбаъд низ барои шумо ва ҳамсолонатон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, шуморо бо маводи хониш, сарулибос ва дигар шароити лозима таъмин менамояд.
Бори дигар таъкид мекунам, ки шумо ҳамеша дар мадди назари Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор доред ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз ғамхориву таваҷҷуҳ бебаҳра нахоҳед монд.
Давлат минбаъд низ тамоми шароити заруриро муҳайё месозад, ки шумо ҳамчун инсони комил ба воя расида, барои халқу Ватани азизи худ хизмат намоед.
Вақт собит сохт, ки аксари ятимону шахсони таҳти сарпарастии давлат қароргирифта ҳамчун мутахассисони соҳибкасбу босавод ба камол расида, дар пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи худро гузоштаанд ва ифтихори Ватану сарзамини муқаддаси худ гардидаанд.
Мехоҳам ба роҳбарон ва омӯзгорону мураббиёни мактаб - интернатҳо муроҷиат карда, бори дигар ин нуктаро таъкид намоям, ки дастпарварони муассисаҳои иҷтимоӣ одатан ҳамчун кадрҳои ба миллату давлат содиқ ба воя мерасанд.
Бинобар ин, шумо бояд ба сифати таълим ва касбу ҳунаромӯзии шогирдони худ эътибори аввалиндараҷа диҳед ва гузашта аз ин, онҳоро мисли фарзандони худатон дӯст доред.
Дар охир, бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми хонандагони кишварро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, умри дароз ва хушбахтӣ орзу дорам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, фарзандони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2015    №: 260    Мутолиа карданд: 1485
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед