logo

мулоқотҳо

ТОҶИКИСТОН - АРАБИСТОНИ САУДӢ: АРСАҲОИ ҲАМКОРӢ ВУСЪАТ ХОҲАНД ЁФТ

Арабистони Саудӣ аз тариқи Бонки исломии рушд  барои навсозии қитъаҳои Кӯлоб - Шӯрообод ва Шкев-Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб - Дарвоз 108 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.
Дар ин бора дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири молияи ин кишвар, раиси Шӯрои мудирияти Фонди саудии рушд Иброҳим ибни Абдулазиз Ал - Ассоф иттилоъ дод.
Дар ин вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла дар партави тавофуқоти миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ ҳосилгардида, баррасӣ шуданд.
“Мамлакати Арабистони Саудӣ барои дастгирии пешрафти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии олами ислом тадбирҳо меандешад ва бовар дорам, ки чораҳои мушаххас дар ҷодаи тавсеаи ҳамкории молиявию сармоягузории кишварҳои мо ҷавобгӯи чунин мавқеи хайрхоҳонаи роҳбарияти олии кишвари шумост”- таъкид дошт зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ба фаъолияти Фонди саудии рушд, ки лоиҳаҳои рушди Тоҷикистонро аз тариқи пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат маблағгузорӣ менамояд, баҳои арзанда дода шуд.
Зикр гардид, ки бунёди молиявӣ ва хайриявии Арабистон - Фонди саудии рушд, ки аз соли 2002 дар Тоҷикистон фаъолият дорад, то имрӯз дар ҳаҷми 84 миллион доллари амрикоӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои қарзӣ бастааст. Ин маблағгузорӣ асосан ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сохтмони роҳҳо ва беморхонаи модару кӯдак равона шудааст.
Зимни гуфтугӯи судманд ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи арсаҳои ҳамкорӣ ва афзун намудани ҳаҷми сармоягузорӣ таъкид доштанд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба соҳаҳои судбахши иқтисоди Тоҷикистон чун сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, бунёду навсозии роҳҳо, истеҳсол ва коркарди маъданҳою маҳсулоти кишоварзӣ ва ба бахши обрасонӣ зоҳир гардид.


“Мо ҷонибдори ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳо бо Тоҷикистонем”, - изҳор дошт Валии Валиаҳд, муовини дувуми раиси Шӯрои вазирон, вазири мудофиаи Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри ар - Риёз.
Дар ин мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва татбиқи амалии тавофуқоти сатҳи олӣ, ки миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ҳосил гардид, ба таври муфассал баррасӣ шуд.
Тавре иттилоъ доданд, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар баробари фаъолияташ дар мансабҳои олии мазкур ҳамчунин роҳбари Шӯрои оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди назди Ҳукумати Арабистони Саудӣ мебошад.
Аз ин хотир, дар ин мулоқот бештар ба масоили вобаста ба дастгирӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби хазинаҳои хайриявии Мамлакати Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд бо ёдоварӣ аз ҳаҷми нокифояи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар изҳор дошт, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон гурӯҳи корӣ мефиристад, то ки бевосита роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодию сармоягузориро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳанд.
Тавре аён гардид, роҳбарияти олии Арабистони Саудӣ ҳавасманди ба сатҳи сифатан нав баровардани муносиботаш бо Тоҷикистон аст.
Дар ин робита густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ манфиатбахш номида шуд.


Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Валиаҳд, муовини якуми раиси Шӯрои вазирон, вазири корҳои дохилии Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Нойиф ибни Абдулазиз Оли Сауд ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории ду кишвари дӯст баррасӣ шуданд.
Бо баёни қаноатмандӣ аз заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар, ки зимни ин сафар бо як зумра санадҳои нав тақвият ёфт, изҳори умед гардид, ки арсаҳои ҳамкорӣ вусъат хоҳанд ёфт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкории босамар дар муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир гардид.
Гуфтугӯи судманд доир ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг сурат гирифт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.2016    №: 2    Мутолиа карданд: 3435
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед