logo

мулоқотҳо

ИЁД АМИН МАДАНӢ: "ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ШАХСИЯТИ БУЗУРГ МИЁНИ ПЕШВОЁНИ ИСЛОМ АСТ"

4 январ дар шаҳри Ҷидда Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ шуд.
“Мо ҳамкорӣ ва робитаҳои ҳасана бо созмон ва кишварҳои аъзои онро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишварамон медонем ва ояндаи онро нек арзёбӣ менамоем”, - изҳор дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо доир ба масоили гуногуни вобаста ба робитаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар карда, аз ҷумла аз вазъи ноором ва ҷангу ҷидолҳо дар Сурия, Ироқ, Яман, Фаластин, Афғонистон ва як зумра кишварҳои дигари мусулмонӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Доман паҳн кардани терроризму ифротгароӣ, тезу тунд шудани ихтилофоти миёни мазҳабҳо ва дар ин замина афзоиш ёфтани исломситезӣ боиси ташвиши ҷиддӣ номида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз манфиатдории Тоҷикистон ба ҳалли фарогири қазияи Афғонистон ёдовар шуда, бори дигар Созмони ҳамкории исломӣ ва кишварҳои аъзои онро ба мусоидати фаъол ба барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар ин кишвари азияткашида, аз ҷумла аз тариқи эҳёи иқтисодиёти он, даъват намуд.
Ҳар ду ҷониб аз қабули "Нақшаи амали Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ" изҳори қаноат карда, дар чаҳорчӯби он баргузор шудани нахустин Анҷумани сармоягузорӣ  барои кишварҳои  ин минтақа дар шаҳри Душанберо “қадами хеле муҳим” номиданд.
Иёд Амин Маданӣ бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд гузарондани Анҷумани ҳамкории иқтисодӣ, ки моҳи октябри соли 2014 ва зимни ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар Тоҷикистон баргузор шуда буд, сидқан арзи сипос кард.
Изҳори бовар карда шуд, ки тавсияву иқдоми дар ин анҷуман матраҳгардида дар нақшаҳои кории созмон барои оянда, аз ҷумла дар санади стратегии он - “Барномаи даҳсолаи амали СҲИ барои давраи то соли 2025”  ба назар гирифта мешаванд.
Иёд Амин Маданӣ иттилоъ дод, ки  ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ моҳи апрели соли 2016  дар Истамбул баргузор ҳоҳад шуд. Ӯ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро “шахсияти бузург миёни пешвоёни ислом ва дорандаи фикру андешаҳои амиқ” номида, аз ӯ даъват намуд, ки дар ин ҳамоиш иштирок намояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.01.2016    №: 3    Мутолиа карданд: 3751
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед