logo

маориф

ҲУНАР - ДЕР ОЯДУ ШЕР ОЯД

Дар замони иқтисоди бозоргонӣ корхонаву ташкилот ба коргарони соҳибтахассус  эҳтиёҷи  зиёд доранд.  Рушди  фаъолияти онҳо низ   аз малакаю ҳунари  коргарон вобаста мебошад.  Аз ин  рӯ,  фароҳам намудани шароити таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва  таълими калонсолон  ҳамчун   масъалаи мубрами иҷтимоӣ имрӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат  соли 2015 оид ба касбомӯзии шаҳрвандон  ва беҳбудии шуғли аҳолӣ зикр намуд, ки  тибқи супориши Роҳбари давлат дар литсейю коллеҷҳо, марказҳои таълими калонсолон, баъзе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии кӯтоҳмуддати бахши хусусӣ ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз курсҳои касбомӯзӣ гузашта истодаанд ва зарур аст, ки ин раванд дар оянда низ идома дода шавад.

Вобаста ба иҷрои супориши Ҳукумати кишвар барои  боло бурдани сатҳи ихтисосмандии шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ соли гузашта  дар дохилу хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар сокинони синну соли гуногунро ба омӯзиши касб ҷалб намудааст. Доир ба афзоиши шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатии ибтидоии касбӣ ва зиёд кардани самтҳои омӯзиши касбу кори гуногун давоми соли гузашта  Раҷабалӣ Гулшанов,  сардори раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  ҷумҳурӣ, чунин посух дод:
-  Бо мақсади тайёр намудани  коргарони соҳибихтисос ва ба ин васила беҳтар намудани шуғли аҳолӣ   соли гузашта дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ  таълими хонандагон   аз рӯйи 14 самту 96 ихтисос ба роҳ монда шуд, ки қариб  122 ҳазор нафар   соҳиби касбу кори гуногун  гардиданд.  Аз ин 20 417 нафар дар  литсейҳои касбии техникӣ ва 101209 нафар дар курсҳои кӯтоҳмуддати Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва филиалу намояндагии он дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба тайёрии касбӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои тахассусӣ фаро гирифта шуданд. Дар марказҳои таълими калонсолон шаҳрвандон дар  шакли барномавӣ,  шаҳодатномакунонии малакаи касбӣ ва худмаблағгузор таҳсил менамоянд. Аз маълумоти муассисаҳои таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва  Маркази таълими калонсолон  бармеояд, ки теъдоди хатмкунандагон  нисбат ба соли 2014    афзуда, 76, 1 дарсади хонандагон  аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд.    Хонандагони  шартномавӣ дар муқоиса ба соли  2014  10, 3 дарсад бештар мебошанд.  Дар заминаи фаъолияти босамари муассисаҳои таълимии касбии ҷумҳурӣ  3908 нафари муҳассилини онҳо   бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки нисбат ба соли 2014  794 нафар афзудааст.
Хушбахтона, имрӯзҳо бо роҳандозии омӯзишии касбу ихтисосҳо вобаста ба талаботи корфармоён  дар дохил ва  хориҷи мамлакат шаҳрвандон то андозае аз мушкилии бекасбӣ раҳо ёфтанд.  Агар пештар коргарони ватанӣ ҳангоми бастани шартномаи кор бинобар надоштани тахассус шароити номусоиди ҷойи корро сарфи назар мекарданд, акнун бо омӯхтани касби муайян метавонанд ҷойи кори беҳтарро интихоб намоянд. Ҳоло бо назардошти талаботи бозори меҳнат вазорат дар оянда курсҳои кӯтоҳмуддат ва ихтисосҳоро аз рӯйи самтҳои афзалиятнок бештар хоҳад намуд.  Бо  ҳамин роҳ  имконияти дарёфти ҷойи корро барои шаҳрвандон, бавижа дар хориҷа  метавон васеъ намуд. Зеро шахси соҳибкасб ҳамеша ҷойи кори муносиб меёбад ва дар пайдо кардани он мушкилӣ надорад. 

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.01.2016    №: 6    Мутолиа карданд: 1594
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед