logo

маориф

НУРИДДИН САИД: "БО НАЗАРДОШТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ БА ИХТИСОСҲО АФЗАЛИЯТ ДОДА МЕШАВАД"

 -  Дар соли 2015 - ум 4 512 шаҳрванди  Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ  барои  таҳсил фиристода шуданд. Солҳои охир бо назардошти   талаботи бозори меҳнати Тоҷикистон ихтисосҳо интихоб карда мешаванд ва афзалият ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва тиб дода шудааст, - иброз дошт Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки  теъдоди донишҷӯёни дар хориҷ тавассути бурсҳо таҳсилкарда афзудааст. 80 дарсади бурсҳои мактабҳои олии кишварҳои хориҷ дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ройгон ва 20 дарсад тариқи шартномавӣ мебошад. Шаҳрвандони  Тоҷикистон бештар ба донишгоҳҳои олии кишварҳои  Русия, Чин, Ҳиндустон, Белорусия,  Қазоқистон, Қирғизистон, Амрико, Олмон, Кипр барои таҳсил мераванд.
Ҳамчунин шаҳрвандоне ҳастанд, ки тавассути шартнома дар кишварҳои хориҷ таҳсил доранд. Вале то ба имрӯз вазорат теъдоди мушаххаси онҳоро дар даст надорад.
- Мо аз  Вазорати корҳои хориҷӣ дархост намудем, ки  тавассути корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ оид ба муайян намудани буду боши донишҷӯён ва дар кадом ришта таҳсил намудани онҳо ба мо мусоидат намоянд. Бозори меҳнати Тоҷикистон бештар ба кадрҳои соҳаи металлургӣ, иктишофӣ, тиб, дақиқ, ҳавонавардӣ, бонкдорӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва технология ниёз дорад. Мутаассифона, Ҷумҳурии Исломии Эрон сол то сол теъдоди донишҷӯёни тоҷикистониро кам карда истодааст. Соли ҷорӣ  ҳатто аз 93 довталабе, ки аз имтиҳони дохилшавии гузашт, 43 нафарро барои таҳсил даъват карданд, - гуфт вазири маориф ва илм.

Ҳарамгул САНГОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2016    №: 7    Мутолиа карданд: 1452
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед