logo

мулоқотҳо

СОХТМОНИ КАСА - 1000 ОҒОЗ МЕЁБАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 декабр дар Қасри миллат вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осифро, ки бо ҳайати расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд. Бино ба гузориши манбаъ, дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кардааст: «Мо нисбат ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди миёни Тоҷикистону Покистон хушбин ҳастем ва тамоми талоши заруриро барои рушду тавсеаи онҳо ба харҷ хоҳем дод».
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки оғози татбиқи лоиҳаи дорои аҳамияти минтақавӣ -  сохтмони хати интиқоли барқи КАСА-1000 нақши ҳалкунанда дорад ва Тоҷикистон барои густариши ҳамкории зич ва ҷалби сармояи покистонӣ, қабл аз ҳама дар соҳаи инфрасохтор ва гидроэнергетика, ҳамаҷониба омода аст.
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, баъд аз дидору гуфтугӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои ин мулоқотро судманд арзёбӣ кард. Ба қавли ӯ, ҷонибҳо фаъолияти босамари Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохтор, ки бо қарори якҷояи роҳбарони ду давлат таъсис шудааст, амри зарурӣ донистанд.
Бино ба гуфтаи Хоҷа Муҳаммад Осиф, ба тавсеаи ҳамкориҳо вобаста ба сохтмони роҳҳои автомобилӣ, оҳан ва барқарор кардани парвозҳои мустақим байни ду кишвар, иштироки ширкатҳои Покистон дар сармоягузории лоиҳаҳои гуногуни энергетикӣ, ҷалби ширкатҳои Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои мухталиф дар Покистон таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Тибқи изҳороти ин мақоми баландпоя, қарор аст, дар маросими расмие бо ҳузури роҳбарони давлатҳои иштирокдори лоиҳа  моҳи майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон корҳои сохтмонии лоиҳаи минтақавии КАСА-1000, ки тавассути он интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистон пешбинӣ мешавад, оғоз гардад.
Дар ҳамин ҳол, Хоҷа Муҳаммад Осиф дар ҷараёни ин сафар ёрии башардӯстонаи Покистон ба маблағи 1 миллион доллари амрикоиро, ки  барои зарардидагони заминларзаи соли гузашта дар Бадахшон ҷудо гардидааст, пешниҳод намудааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2016    №: 8    Мутолиа карданд: 3601
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед