logo

мулоқотҳо

Сафирон нақши Тоҷикистонро дар таъмини амният муҳим донистанд

26 май  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як  гурӯҳ сафирони давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории 17 –солаи Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ба он аз номи мардуми кишвар барои кӯмакҳои зиёди дар солҳои вазнини гузашта расондааш арзи сипос намуд. Ба Бюрои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо табдил ёфтани Маркази он дар шаҳри Душанберо Сардори давлат лаҳзаи гузариш аз як давра ба давраи дигари ҳамкорӣ маънидод карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки «ин бозгӯ аз дурнамои умедбахши муносибатҳои мо аст».
Сафирон  нақши Тоҷикистонро дар таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар идораи муносибатҳои сарҳадӣ басо муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз ҳамаи тадбиру ташаббусҳои накӯи ин кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дастгирӣ мекунад.
Ифтитоҳи Коллеҷи фармондеҳии сарҳадии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки 27 май дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, натиҷаи муҳими ҳамкории босамари ду ҷониб маънидод гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкориҳо дар самтҳои демократикунонии ҷомеа, аз мина ва дигар моддаҳои тарканда тоза кардани ҳудуди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва оид ба авзои кунунию дурнамои рушди Афғонистон гуфтугӯ  сурат гирифт.

х х х

Мара Маринакӣ, роҳба-ри ҳайати сафирони давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки сафирон бо Ҷаноби Олӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди САҲА бо Тоҷикистон, таҳкими сарҳади давлатӣ, рафти татбиқи барнома ва лоиҳаҳои дар кишвари шумо татбиқшавандаро матраҳ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои байни Тоҷикистону    САҲА изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид ба амал овард, ки дар Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳо заминаи боэътимод гузошта шудааст.
М. Маринакӣ ҳамзамон иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ оид ба ифтитоҳи расмии Коллеҷи фармондеҳии сарҳадии САҲА дар шаҳри Душанбе сухан рафт. Коллеҷи мазкур дар оянда ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисоси нерӯҳои сарҳадӣ ва таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Роҳбари гурӯҳи сафирон махсус таъкид сохт, ки «Тоҷикистон дар таҳким ва идораи муносибатҳои сарҳадӣ, ба вижа дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, САҲА дар ин самт Тоҷикистонро барои пиёда сохтани аҳдоф ва ташаббусҳои наҷибаш ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд».
М. Маринакӣ иброз дошт, ки ман ба ҳайси намояндаи доимии Юнон дар САҲА ба Президент Эмомалӣ Раҳмон паём ва таманниёти неки вазири корҳои хориҷии кишварамро расондам. Зикр гашт, ки охири соли равон сафари расмии ҷаноби вазир ба Тоҷикистон дар назар аст. Бовар дорем, ки ин сафар дар рушди муносибатҳои байни Юнону Тоҷикистон, инчунин САҲА ва кишвари шумо такони ҷиддӣ мебахшад.         

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2242
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед