ҳукумат
Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон
беш аз 40 масъала баррасӣ гашт
26 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 40 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст ҳисоботи раиси вилояти Хатлон оид ба рушди соҳаи саноат дар вилоят шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатии соли 2008 дар ин вилоят истеҳсолшуда ба 1 миллиарду 91миллион сомонӣ баробар шуд. Ин нишондод нисбат ба соли 2006 беш аз 100 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар 4 моҳи соли равон дар вилоят баробар ба 405,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 25 шаҳру ноҳия дар 22 - тояш ва аз 222 корхона дар 132 - тояш таъмин гаштааст.
Соли 2008 15 корхонаи нави саноатӣ сохта ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 800 ҷойи корӣ омода гаштааст. Дар 4 моҳи соли равон бошад 6 корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноатро вазифадор намуд, ки баҳри тезондани сохтмони корхонаҳои коркарди пурраи нахи пахта ва вусъат додани коркарди ватании дигар маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, гӯшту шир, пашму пӯст ва пилла тадбирҳои судманд андешанд. Таъкид гардид, ки қолинбофии дастии хонагӣ низ барои таъмини занону духтарон бо ҷойҳои корӣ ташкил карда шавад.
Ба масъулони Ҳукумати мамлакат дастур дода шуд, ки самаранокии фаъолияти корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон, аз ҷумла корхонаҳои хусусигаштаро низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2010-2014, Барномаи давлатии рушди туризм дар давраи солҳои 2010-2014, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Қоидаҳои ташаккули Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тасдиқ карда шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи босамари ин санадҳо, аз ҷумла рушди тухмипарварӣ ва ривоҷ додани туризм ба масъулон дастуру ҳидоятҳо дод.
Илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт оид ба ҳамроҳ намудани якчанд деҳаи наздик ба ҳудуди маъмурии Ҷамоати шаҳраки Ғарм дастгирӣ ёфта, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд.
Лоиҳаҳои ду қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи муфлисшавӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Баҳри татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, ки ҳадафи асосии он беҳ намудани фазои ҳуқуқӣ барои соҳибкории хусусӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ аст, бо роҳбарии муовини аввали сарвазири мамлакат комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд, низомномаи комиссия ва Қоидаҳои таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ тасдиқ гардид.
Ҳамчунин Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ ва Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об тасдиқ карда шуданд.
Бо қарори Ҳукумат Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба таэквон-до (ИТФ)» таъсис дода шуд.
Барои таъмини 241 ҳазор оилаи камбизоат бо 8 - тоӣ лампаҳои каммасраф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 18 миллион сомонӣ ҷудо гардид ва ҳамчунин аз соҳибкорони имкондошта даъват гардид, ки дар таъмини аҳолӣ бо лампаҳои каммасраф саҳмгузор бошанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди маҷлис таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба масоили вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиат, расондани кӯмакҳои зарурӣ ба аҳолии зарардида, омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои 5 – моҳаи фаъолияти хоҷагии халқ, таъмини кори шабонарӯзии корхонаҳои саноатӣ, иҷрои барномаҳои давлатии боғутокпарварӣ ва парвариши занбӯри асал, тайёрӣ ба кишти такрории заминҳои обӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои обии бекормонда, тезондани корҳои сохтмонӣ дар иншооти давлатӣ, ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалладонагиҳо ва захираи озуқаворӣ ва хӯроки чорво ҷалб кард, баҳри ҷоннок намудани фаъолият дар ин самтҳо дастуру ҳидоятҳо дод.
Аз ҷумла дастур дода шуд, ки дар мавсими фаровонии нерӯи барқ корхонаҳои саноатӣ шабу рӯз кор кунанд, соли оянда ҳар як ноҳияи вилояти Хатлон дар майдони на камтар аз 500 гектар боғи зардолу бунёд намояд ва бо истифода аз фаровонии ҳосили ғалладона ва алафҳои табиӣ шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва аҳолӣ барои ду сол озуқаворӣ ва хошоки дурушти чорво захира намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5735