logo

порлумон

МОДДАИ 14: АГАР АЗ МУОИНАИ ТИББИИ ҲАТМӢ НАГУЗАРАНД...

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид кард, ки бар асоси он  никоҳи хешутаборӣ манъ ва муоинаи тиббии никоҳшавандагон ҳатмӣ ва ройгон хоҳад шуд.

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки соли 2015 Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аҳамияти хоса  зоҳир намуда, ҳамзамон бо пешниҳоди Сарвари давлат соли 2015 - Соли оила эълон шуд.
Назар ба иттилои вазир, аҳолии кишвар беш аз 8 миллион буда, 42 дарсади онро кӯдакони то синни 18 ташкил медиҳад. Шумораи кӯдакони маъюб то оғози соли 2013-ум 30460 нафарро ташкил медод. Дар натиҷаи гузарондани чораҳои солимгардонӣ беш аз 7300 нафар кӯдак солим гардонда шуда, категорияи маъюбии онҳо қатъ гардид. Танҳо дар соли гузашта 1383 нафар кӯдаки маъюб солим гардонда шуд. Новобаста аз ин, тибқи омори расмӣ ҳар сол дар кишвар 2,5-3 ҳазор кӯдаки маъюб ба қайд гирифта шуда, то 1 январи соли ҷорӣ шумораи онҳо ба 25028 нафар ё 0,8 дарсади умумии кӯдакони то 18 - соларо ташкил медиҳад. Тибқи таҳлилҳои мутахассисони соҳа маълум гашт, ки дар 30-35 дарсади ҳолатҳо сабаби тавлиди кӯдакони маъюб никоҳи хешутаборӣ мебошад.
Нусратулло Салимзода дар баробари ин, таъкид кард, ки шумораи зиёди кӯдакони гирифтори бемориҳои чашм, гӯшу гулуву бинӣ ва нутқ, ки аз никоҳи хешутабории наздик ба дунё омадаанд, ба теъдоди кӯдакони маъюб шомил нагардидаанд. Бо назардошти он ки масъалаҳои мазкур омӯзиши амиқ ва таҳлили мушаххасро талаб менамуд, вазорат омӯзишро оид ба муайян намудани сабабҳои маъюбшавӣ дар байни кӯдакони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва вилояти Суғд анҷом дод. Натиҷаи санҷишҳо нишон дод, ки дар вилояти Суғд соли 2014-ум 440 нафар бемори нуқсони модарзод таваллуд шудааст. Аз ин миқдор 152 нафар аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё омада, 34,5 дарсадро ташкил медиҳад.
Назар ба гуфтаи вазир, дар вилояти Суғд никоҳи хешутаборӣ қариб 60 дарсад ва шумораи кӯдакони маъюбе, ки дар натиҷаи чунин никоҳ ба дунё омадаанд, аз ҷумла дар ноҳияҳои Зафаробод 54, Айнӣ 40 ва Шаҳристон 35 дарсадро ташкил медиҳанд. Зикр гардид, ки ҳолатҳои никоҳи хешутаборӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон низ тайи солҳои охир  тамоюли зиёдшавӣ дорад. Чунончи, ин рақам дар шаҳри Роғун 24, ноҳияи Рудакӣ 24, Турсунзода 23, Файзобод 17, Восеъ 28, Шаҳритуз 24, Қубодиён 19, Фархор 15, Бохтар 15 дарсад мебошад. Падидаи ташвишовар он аст, ки 40-50 дарсади оилаҳо аз никоҳи хешутаборӣ аз ду то чор фарзанди маъюб доранд.
Дар Паёми Президенти мамлакат омадааст, ки дар кишвар қариб 13 ҳазор кӯдаку навраси то 18 - сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд, ки теъдоди зиёди онҳо аз никоҳи хешутаборӣ мебошад. Сабаби дигаре, ки боиси таваллуди кӯдакони маъюб мегардад, бемориҳои сироятии вирусист. Чунин бемориҳо дар байни оилаҳои муҳоҷир бештар ба назар мерасад. Бо мақсади сари вақт ошкор намудани ин бемориҳо, ҳамзамон вируси норасоии масунияти одам, сил гузарондани муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ва муҳоҷирони меҳнатӣ низ хеле муҳим аст.
Ба андешаи вазир, омили дигари ташвишовар ин дар ҳолатҳои алоҳида сабаби тавлиди кӯдакони маъюб бемориҳои авлодист, ки ба  10-15 дарсад мерасад. Дар дунё беш аз 6 ҳазор бемории ирсӣ ба қайд гирифта шудааст, ки омили асосии онҳо ин никоҳи хешутаборӣ мебошад.
Бо мақсади коҳиши минбаъдаи тавлиди кӯдакони маъюб ва дар давраи барвақти ҳомиладорӣ муайян намудани нуқсонҳои модарзодӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифт, ки муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикиро таъсис диҳад. Айни ҳол, марказ дар арафаи ифтитоҳ қарор дорад. Таъсиси ин марказ имконият медиҳад, ки дар давраи бармаҳали ҳомиладорӣ бемориҳои хромасомӣ ва нуқсони найи асаби ҷанин сари вақт дарёфт гардида, эҳтимолияти таваллуди навзодон бо нуқсонҳо пешгирӣ шавад.
Мақсади гузарондани муоинаи тиббии пешакии шахсоне, ки ақди никоҳ мебанданд, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташаккули оилаи солим, пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ мебошад.
Нусратулло Салимзода зикр кард, ки вазорат тибқи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи мазкурро таҳия ва пешниҳод намудааст. Мақсади асосии тағйиру иловаҳо ба моддаи 15-и кодекс ин ворид намудани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда ва онҳоро бо натиҷаи он шинос кардан мебошад.
Дар моддаи 14 бастани никоҳ байни хешовандони наздик - фарзандону бародарон, хоҳарон, тағо, ҷиян, амак, бародарзода, хола ва хоҳарзода манъ карда шудааст.
Ҳамчунин дар ин модда оварда шудааст, ки агар шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, ҳуқуқ  ба бастани никоҳ надоранд.
Назар ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, ин лоиҳаи хеле муҳим буда, то 1 июли соли равон қабул ва ба  ҳукми амал медарояд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2016    №: 10    Мутолиа карданд: 6752
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед