logo

порлумон

НОМ ҶУЗЪИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИСТ ВА БА ОН НАБОЯД БЕЭҲТИРОМӢ КАРД

Ба кӯдакон гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд, ҳамчунин ба номи шахс ҳамроҳ кардани тахаллус, ки боиси тафриқаандозии одамон мегарданд, манъ хоҳад шуд.
Ин нукта аз ҷониби Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иброз шуд.

Номбурда афзуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои писандидаи фарҳанги миллӣ ва ниёгон, ҳамчунин пешгирии тамоюли номгузории ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегонаву душворфаҳм таҳия гардидааст. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур аз он бармеояд, ки дар номгузорӣ ва тартиби иваз намудани насаб, ном ва номи падарии шаҳрвандон, тартиби барқароркунии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар амалия муаммоҳои ҷиддие ба вуқӯъ пайвастаанд. Бо қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 ва фароҳам овардани имконияти номгузорӣ бо анъанаҳои миллӣ дар бисёр ҳолат дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ҳуҷҷатгузорӣ ба хатогии ҷиддӣ роҳ дода шуда, боиси ворид намудани тағйирот ба чунин ҳуҷҷатҳо ва хароҷоти зиёд гардидааст.
Ба андешаи вазири адлия, ин санад номувофиқатии дохилии моддаҳои қонунро оид ба  татбиқи сабти насаб, ном ва номи падарӣ бартараф менамояд. Тибқи лоиҳа ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд бояд насаб, ном, инчунин метавонад номи падарии бар асосҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ асоснокгардида дошта бошад.
Масъалаи дигаре, ки танзими қонунии худро пайдо хоҳад кард, ин гурӯҳбандии пасвандҳои насабсоз барои ташаккули насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ, инчунин пасвандҳои ташаккулдиҳандаи номи падарӣ ва маҳдудиятҳо дар ин ҷода мебошад.
Бо мақсади пешгирии номгузории ба фарҳанги миллии тоҷикӣ  бегона ва таъсири тамоюлҳои дигар ба ин раванд пешниҳод гардид, ки номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Тоҷикистон мутобиқи анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  мешавад, татбиқ гардад. Вазири адлия илова намуд, ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ низ танзим гардида, ҳуқуқи онҳо тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода мешавад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2016    №: 11    Мутолиа карданд: 7164
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед