logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

21 январ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2015 таҳлил ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2016 муайян гардиданд.

Маҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, дигар мақомоти марказӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул доир гашт.
Зимни ҳисобот ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир гардид.
Дар маҷлис Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2015 ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллии кишвар мардуми Тоҷикистон бо амалӣ кардани як қатор тадбирҳо дар соли 2015 ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар соли 2015 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6 фоиз афзоиш ёфта, 48,4 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин давра барои дастгирии буҷети давлат 450 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ 15,7 миллиард сомонӣ ҷудо гардид. Давоми соли 2015 қисми даромади андози суғуртаи иҷтимоӣ 82 фоиз иҷро шуда, дар натиҷа 255 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардид. Бақияи қарзҳо то 1 декабри соли 2014   653 миллион сомониро ташкил дод.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати кишвар инчунин ҳисоботи вазири молия Абдусалом Қурбониён ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода шунида шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷро нагардидани дурнамои истеҳсоли пахта, ки яке аз роҳҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст, таъмин нагардидани нақшаи даромади андоз, ҷамъоварии ғайриқаноатбахши ҳаққи истифодаи неруи барқ изҳори нигаронӣ карда, супориш дод, ки назорат барои ислоҳи камбудиҳо пурзӯр гардад.
Дар робита ба пешгирии васлу насби дастгоҳҳои гуногуни худсохти гармидиҳанда ва истифодаи самараноки неруи барқ супориш дода шуд, ки то охири соли 2016 сохторҳои давлатӣ ба системаи гармидиҳанда пайваст карда шаванд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо дар соли 2015 ҳисобот доданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Нурмуҳаммадзода Ҷамшед дар бораи тадбирҳо вобаста ба беҳдошти низоми бонкдорӣ, қурби асъори миллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъсиси коргоҳҳои нав, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода дар бораи вазъи энергетикии мамлакат, тадбирҳо вобаста ба пешгирии талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи барқ, ҳамчунин директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқии обии Роғун» Хайрулло Сафарзода, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода гузориш доданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар оид ба дастовардҳои соҳаҳо вазири кишоварзӣ Зокирзода Маҳмадтоир, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, вазири маориф ва илм Саид Нуриддин Саид ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода ҳисобот доданд.
Барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва беҳдошти сатҳи хизматрасонии тиббӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.
Дар қисмати дуюми маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва прокурори генералии кишвар шунида шуд. Зимни ҳисоботи раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед таваҷҷуҳи зиёд ба масоили бунёдкорию созандагӣ, ободонӣ ва хусусан ба барқарорсозии хонаҳои аҳолӣ ва иншооти иҷтимоию зербиноии аз заминларзаи шадиди моҳи декабри соли гузашта осебдида зоҳир гардид.
Ҳамчунин дар назди масъулон доир ба вусъат додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти сершуморе, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ин вилояти дурдаст аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд меёбанд, вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Дар ҷараёни ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз кам шудани майдони кишти пахта ва ҳосили ин зироати асосии соҳаи кишоварзӣ изҳори нигаронӣ шуд. Аз ҷониби раиси вилоят зикр гардид, ки соли равон ин камбудӣ бартараф хоҳад гашт. Аз субвенсияи давлатӣ баромадану ба худтаъминкунӣ гузаштани шаҳри Норак ва ноҳияи Ховалинг натиҷаи арзишманди фаъолият дар соли 2015 номида шуд.
Зимни ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таваҷҷуҳи зиёд ба рушди саноат ва ҳунарҳои хонагии мардумӣ зоҳир гардид. Аз ҷумла зикр гашт, ки рушди саноат дар соли 2015 ба 122 дарсад баробар шуд ва 136 маркази қолину адрасу атласбофӣ таъсис ёфт.
Дар соли 2015 ислоҳоти замин дар вилояти Суғд ба поён расида, дар заминаи хоҷагиҳои калони кишоварзӣ 42 ҳазор хоҷагии хурди деҳқонӣ таъсис дода шуд. Давоми соли 2015 бо харҷи 90 миллион сомонӣ ҳолати 6300 км роҳҳои мошингард беҳтар гардид.
Дар ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт дар соли ҳисоботӣ ба андозаи 110 дарсад таъмин гардид. Дар соли 2015 дар шаҳри Душанбе 83 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 2883 ҷойи корӣ ба кор даромад.
Дар назди раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир ба афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дар бахшҳои картошкапарварӣ, боғутокпарварӣ, сабзавоткорӣ, аз ҷумла бунёди гармхонаҳо ва вусъат додани истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ ва ҳамчунин доир ба ҷоннок намудани корҳо дар дигар самтҳои фаъолият супоришҳои мушаххас гузошта шуданд.
Зимни ҳисоботи прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф вазъи ҷиноятӣ дар мамлакат мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба оқибатҳои ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону наврасон ва ба ҷараёнҳои ифротию террористӣ гаравидани қисмате аз ин табақаи аҳолӣ, ки аз ҷониби гумоштагони ҳизбу ҳаракатҳои ҷиноятпеша ҳадафмандона гумроҳ карда мешаванд, зоҳир гардид.
Мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодию коррупсионӣ, пешгирӣ аз истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунӣ тасарруф шудани маблағҳои буҷетӣ низ аз бахшҳои муҳими ҳисоботи прокурори генералӣ буд.
Дар ҷамъбасти маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, вазифаҳои аввалиндараҷа ва ҳалталаби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2016 мушаххас намуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2016    №: 16    Мутолиа карданд: 13030
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед