logo

маориф

ХАТЛОН: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТИ СОҲАИ МАОРИФ

Соли 2015 дар вилояти Хатлон 19 иншооти таълимии иборат аз 217 синфхона барои 5659 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои сохтмони он 47 миллиону 987 ҳазору 200 сомонӣ сарф гардид. Инчунин, дар ноҳияҳои Данғара, Хуросон, Панҷ, Ёвон ва Ҷалолуддини Румӣ муассисаҳои нави таълимӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, 14 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ба муассисаҳои асосӣ, 19 муассисаи умумии асосӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуданд.

Ҳокимхон Вализода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки айни ҳол дар вилоят 1326 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад.
Ба гуфтаи Ҳ. Вализода, ҳайати кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии вилоят дар соли 2015 беҳтар гардида, айни ҳол 38153 нафар омӯзгор фаъолият намуда истодаанд.
- Аз 1728 мутахассиси ҷавони ба кор фиристодашуда 1257 нафар (72 дарсад) ба ҷойи кор ҳозир шуданд, - зикр кард сардори раёсати маорифи вилоят. - Ҳозиршавии мутахассисони ҷавон дар ноҳияҳои Фархор 54, Балҷувон 62, Панҷ 68, Восеъ 70 дарсад таъмин гардида, суст амалӣ шуда истодааст.
Дар муассисаҳои таълимии вилоят 143 омӯзгор намерасад. Дар соли 2015 бо сабабҳои гуногун дар маҷмӯъ 1912 (занон 805) нафар омӯзгорон аз кор рафтаанд.
То имрӯз 1751 омӯзгори ҷавони муассисаҳои таълимии вилоят соҳиби замини наздиҳавлигӣ, 71 нафар соҳиби замини полезӣ ва 172 нафар соҳиби қарзи боимтиёз гардидаанд.
Соли 2015 хонандагони муас-сисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани 70 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 19 медали тилло, 13 медали нуқра ва 38 медали биринҷӣ, сазовор гардиданд.
- Аммо хонандагони муассиса-ҳои таълимии ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷилликӯл, Восеъ, Темурмалик, Ҷалолуддини Румӣ, Панҷ, Қумсангир, Носири Хусрав, Балҷувон ва Хуросон ягон ҷойи ифтихориро дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ноил нашудаанд, - изҳор кард Ҳ. Вализода.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин хабар дода шуд, ки соли таҳсили гузашта 514 (250 духтар) нафар ҷавонони лаёқатманди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил шудаанд.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2016    №: 18    Мутолиа карданд: 1282
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед