logo

маориф

МАОРИФ СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК БОҚӢ МЕМОНАД

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ маорифро соҳаи афзалиятнок арзёбӣ намуда, барои ислоҳоти ботадриҷ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ташаккули низоми таҳсилоти муосир ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ диққати махсус медиҳанд.
Дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардондани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».
Зеро асри ХХI-ро бе технологияи нави иттилоотиву коммуникатсионӣ тасаввур намудан душвор мебошад. Ин соҳаи нисбатан нав тамоми ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, дар ҷое, ки имконият фароҳам меояд, мавриди истифода қарор мегирад. Мақсади асосии Пешвои миллат доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардондани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет, дар низоми таҳсилот ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати таълим бо истифодаи васеи технологияи муосир дар ҷараёни таълим мебошад. Чаро? Чунки бе гирифтани маълумот оид ба дастовардҳои ҷаҳони муосир инкишофи соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг, илм имконнопазир аст. Ин маълумот тавассути воситаҳои гуногуни ахбор ба даст оварда мешавад, вале дар маркази ҳамаи ин воситаҳо технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия мавқеи асосӣ дорад.
Вобаста ба таъкидҳои Пешвои миллат дар Паём ва иҷрои протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2015,№14 шурӯъ аз соли равон дар муассисаҳои таълими ноҳияи Восеъ давра ба давра таҷҳизоти техникии назоратӣ (камераҳои мушоҳидавӣ) ҷиҳати назорати раванди таълиму тарбия дар синфхонаҳои таълимӣ насб карда мешаванд.
Шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ бо мақсади ҷорӣ намудани шабакаи интернет дар низоми таҳсилот бо намояндагии ҶСП «ТТ - мобайл»                    дар вилояти Хатлон шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонида, имрӯз муассисаҳои таълимӣ бо модеми тамғаи ZTE MF-710 M таъмин карда шудаанд.
Дигар масъалаи муҳиме, ки дар самти маориф Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд, ин давра ба давра ба маблағгузории сарикасӣ гузарондани зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна мебошад. Муассисаҳои таълимии ноҳия пурра ба маблағгузории меъёрии (сарикасӣ) гузашта, муассисаҳои томактабӣ бошад, дар асоси ҳамин таъкид ба маблағгузории сарикасӣ гузаронда мешаванд.

Сироҷиддин ГУРЕЗОВ,
мудири шуъбаи маорифи
ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2016    №: 19    Мутолиа карданд: 1379
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед