logo

мулоқотҳо

Сардори давлат Швейтсарияро муҳимтарин кишвари мададрасон номид

27 май   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Бонки миллии Швейтсария Жан Пйер Роттро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Швейтсарияро муҳимтарин кишвари мададрасони Тоҷикистон номида, аз ҷумла иброз дошт:
-Мо аз Ҳукумати Швейтсария барои татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳим дар Тоҷикистон сипосгузорем ва манфиатдорем, ки муносибатҳои судманди ду кишвар боз ҳам таҳкиму густариш ёбанд.
Жан Пйер Ротт изҳор дошт, ки Тоҷикистону Швейтсария ба як гурӯҳи кишварҳои узви Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ шомиланд ва пайваста аз манфиатҳои ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии Швейтсария оид ба рушди инфрасохтор, ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, кам кардани хатари офатҳои табиат,  идораи захираҳои обӣ, рушди бахши хусусию  созмонҳои ҷамъиятӣ ва низоми қарздиҳии хурд лоиҳаҳои зиёди судманд амалӣ мешаванд.   Ба нақши Бонки миллии Швейтсария дар омодасозии кадрҳои соҳаи бонкӣ, такмил додани сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ва расондани кӯмакҳои техникӣ баҳои баланд дода шуд.
Гуфтугӯи судманд оид ба ҳамкорӣ баҳри кам кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва дастгирӣ аз тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати мамлакат ва Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирифт.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1989
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед