қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 27 январи соли 2016, № 9, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Озода Эмомалӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳмон Озода Эмомалӣ бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.01.2016 №: 20 Мутолиа карданд: 1197