logo

маориф

СИМОИ МАКТАБ - СИМОИ РОҲБАР

Муассисаи таълимии № 15 - и ноҳияи Восеъ сарфи назар аз он, ки дар бинои куҳна ҷойгир буда, соли 1954 сохта шудааст, дар муқоиса бо муассисаҳои дигари таълимии минтақаи шаҳри Кӯлоб шароити муносиби таълимӣ дорад.

Шиору овезаҳои девори муассисаи таълимӣ бо навиштаҷоти панду ахлоқӣ ва тозагии саҳни бино диққати моро бештар ҷалб кард. Сарфи назар аз он, ки ҳоло таътил аст, синфхонаҳо хеле покизаанд. Тозагӣ ба маънои он нест, ки гӯиё фаррошон дар кор бошанд, балки тартиби нигоҳдории мактабро роҳбарият дуруст ба роҳ мондааст. Аёниятҳои таълимии давраи шӯравӣ то ҳол дар синфхонаҳои кимиё, физика, риёзӣ, биология, адабиёт мавриди истифодаанд, дар ҳоле, ки то ба имрӯз аксари муассисаҳои таълимӣ наметавонанд синфхонаҳои лаборатории фанниро муҷаҳҳаз гардонанд. Аммо вазъ дар мактаби мазкур дигар аст. Дар майдончаи варзишии муассиса зиёда аз 10 намуди тренажёрҳо барои тамрин мавҷуданд. Мешавад таҷрибаи нигоҳдории ин мактабро ба дигарон намуна овард.
Ғулом Музаффаров, директори мактаби мазкур, иброз дошт, ки дар як сол ду маротиба бинои мактабро таъмир мекунанд. «Таъмири асосиро дар вақти таътили тобистона анҷом медиҳем. Аммо бо назардошти симои зебо доштани мактаб дар давраи таътили зимистона ҳам рангу бор мекунем. 930 хонанда дар се баст таълим мегирад ва 42 омӯзгор ба онҳо дарс медиҳад. Хонандагони мо дар соли 2015 17 медал ба даст оварданд. Айни ҳол барои синфҳои ибтидоӣ синфхона намерасад», - иброз дошт директори муассиса.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм мегӯяд, ки айни ҳол сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ барои 125 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии мазкур идома дошта, он аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи Вазорати маориф ва илм сохта мешавад.
Тибқи нақша сохтмони мазкур дар ҳоли анҷомёбӣ буда, дар арафаи ҷашни Наврӯз мавриди истифода қарор мегирад. Инчунин, аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ дар назди муассисаи мазкур сохтмони толори варзиш низ идома дорад.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Темурмалик низ сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 1 – и шаҳраки Совет барои 192 ҷойи нишаст ва бинои муассисаи таълимии № 8 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Кангурт идома дорад. Сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби Фонди глобалии таҳсилот маблағгузорӣ карда мешавад.

Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.02.2016    №: 22    Мутолиа карданд: 1377
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед