logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулло Гул дар Қасри Миллат

29 май дар Қасри Миллат мулоқоти хосаи Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул баргузор гашт.
Баррасии масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.
Аз пайвастагии муколамаи сиёсии миёни ду давлат, хусусан муколамаи сатҳи олӣ ва ҳамчунин аз афзоиши мубодилоти молу маҳсулоти  Тоҷикистону Туркия, ки ҳаҷми умумии он ду сол боз аз 500 миллион доллари ИМА мегузарад, изҳори қаноатмандӣ  шуд. Сарони ду давлат ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҳанӯз хеле зиёданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ширкатҳои туристӣ, мубодилаи донишҷӯёну олимон ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ  аз самтҳои афзалиятнок барои густариши минбаъдаи муносибатҳои судманди ду кишвар маънидод гардид.
Тарафҳо ҷонибдории худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва мусоидат ба барқарорсозии фазои сулҳу созиш ва пешрафти иқтисодиёти Афғонистон низ таъкид намуданд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштироки сарони ду давлат - Эмомалӣ    Раҳмон ва Абдулло Гул се санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зери Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул имзо гузоштанд.
Ду санади дигар - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба мутақобилан бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаи хизматӣ ва махсус ва Протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия барои солҳои 2009-2010 мебошад.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул дар назди хабарнигорон аз натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ иттилоъ дода, аз ҷумла дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро умедбахш арзёбӣ намуданд.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистону Туркия нақшаҳои густурдаи ҳамкорӣ доранд ва баҳри татбиқи амалии онҳо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла қарор шудааст, ки Туркия бо истифода аз таҷрибаи ғании худ ба Тоҷикистон дар ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва барои ворид шуданаш ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат кӯмак расонад.
Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул изҳор дошт, ки Туркияву Тоҷикистон чун шарикони боэътимод аз мавқеъ ва ташаббусҳои ҳамдигар дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ пуштибонӣ мекунанд.
Абдулло Гул ҳамчунин ба густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда, аз ҷумла иброз дошт:
-Мо медонем, ки дороии асосии Тоҷикистон об аст ва масоили вобаста ба об ва гидроэнергетика аз масъалаҳои муштараки Тоҷикистону Туркия мебошад. Туркия омода аст дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва бузурги Тоҷикистон иштирок намояд.
Абдулло Гул ҳамчунин зикр кард, ки соҳибкорони кишварашро ба сармоягузории васеъ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ташвиқ мекунад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2049
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед