logo

порлумон

М. ЗОКИРЗОДА: «МУНОСИБАТҲОИ ХОҶАГИДОРӢ ТАНЗИМ МЕШАВАНД»

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дар таҳрири нав баррасӣ гардид.
Латифзода Рустам, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин иброз дошт, ки мақсади лоиҳаи мазкур тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ, аз байн бурдани ихтилофот ва номуайянӣ дар танзими муносибатҳои хоҷагидорӣ мебошад, ки дар раванди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба миён омадааст. Лоиҳа аз 9 боб ва 39 модда иборат буда, дар он масъалаҳои ҳуқуқ ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ, шаклҳои он, хусусиятҳои ташкили хоҷагӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ, мақомоти идоракунӣ, муносибатҳои молумулкӣ, масъалаҳои истифодаи замин баъди ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона нашудан ҳамчун предмети хариду фурӯш, туҳфа, иваз, идора, гарав ва дигар актҳо, инчунин ба мерос гузоштан, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  объекти махсуси муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ муқаррар шудаанд, дарҷ ёфтааст.
Зокирзода Маҳмадтоир, вазири кишоварзӣ, зимни баррасии лоиҳа гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 таҳти № 383 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020» тасдиқ гардид.
Вазири кишоварзӣ зикр кард, ки дар заминаи колхозу совхозҳои собиқ беш аз 160 ҳазор хоҷагии деҳқонии хурду калон ташкил шуда, аксарашон дорои қитъаи замини хурд мебошанд ва байни онҳо номураттабии муносибатҳои хоҷагидорӣ мавҷуд аст. Ба мақсади мутобиқ намудани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ бо талаботи иқтисодиёти бозаргонӣ, бартараф намудани камбудиҳо бо ҷалби мутахассисони соҳаи ҳуқуқи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мушовирони байналмилалӣ таклифу пешниҳодҳо  барои мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ фароҳам гардид.
Дар лоиҳаи қонун фаъолияти якҷоя дар асоси шартнома, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ  (фермерӣ) ва салоҳияти мақомоти идоракунии он нишон дода шудааст. Инчунин, масъалаҳои беҳтар кардани шароити кору истироҳат, баланд бардоштани самаранокии меҳнат, пешгирии талафоти маҳсулотро низ фаро гирифтааст.
Дар ҷаласа, инчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Лоиҳаи беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах аз ҷониби вакилон баррасӣ шуд.
Назар ба иттилои вазири кишоварзӣ, созишнома 24 октябри соли 2015 ба имзо расида, мақсади асосии он дастгирии техникӣ аз ҷониби Ҳукумати Япония барои пешгирии паҳншавии малах дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, гузарондани мушоҳидаву чорабиниҳои якҷояи мубориза бар зидди малах мебошад.
Зикр гардид, ки бо кӯшиши Вазорати кишоварзӣ аз ҷониби Ҳукумати Япония барои минтақа 5 миллион доллар, аз ҷумла 60 дарсадаш барои Тоҷикистон ва боқимонда барои Афғонистон, ҷудо шудааст. Қисми зиёди маблағ барои хариди таҷҳизот сарф хоҳад шуд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.02.2016    №: 27    Мутолиа карданд: 9374
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед