logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

8 феврал дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар масъулони дастгоҳ, роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳо ва агентиҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, инчунин муассисаву идораҳои ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд.
Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, зимни он аъзои нави ҳайати мушовараи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ тасдиқ карда шуд. Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ низ баъди баррасӣ тасдиқ гардид. Вобаста ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 январи соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки татбиқи нишондодҳои Паёми имсола дар маҷмӯъ, дар амри густариши ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳии аҳолии кишвар, рушди бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна, инчунин дар таҳкими нуфузу эътибори кишварамон дар арсаи олам нақши муассир мегузоранд.
Лоиҳаи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қабул карда шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардид.
Ду хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва дуюмӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон“ низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол масоҳати умумии маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 739,6 гектар, шумораи аҳолӣ 12 ҳазор нафар ва роҳҳои мошингард 30 километрро ташкил медиҳад ва бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ зарурати бунёди шаҳраки муосир пеш омадааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла бунёди марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, манзилҳои истиқоматию маъмурӣ, сохтмони иншооти таъйиноти гуногуни ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ва рушди бахшҳои муҳим, инчунин ҳавасмандии соҳибкорони ватанӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охири кори маҷлис баъди баррасии масъалаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони сохторҳои марбута барои иҷрои саривақтию босифати корҳо вобаста ба тадбирҳои ободонию созандагӣ, вусъати ниҳолшинонӣ дар мамлакат ва дигар нақшаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.02.2016    №: 27    Мутолиа карданд: 12997
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед