logo

маориф

ДОНИШКАДАИ РАШТ: ҲОЛО ҲАМ ВОҲИДҲОИ КОРӢ ХОЛИАНД

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, ки соли 1992 ба хотири нарасидани омӯзгорони соҳавӣ дар ин минтақа  ҳамчун  шуъбаи ғоибонаи  Донишгоҳи давлатии  омӯзгории  Тоҷикистон  ба  номи           Садриддин  Айнӣ таъсис ёфта буд, соли 2006 ба филиали ҳамин донишгоҳ табдил ёфт ва соли 2013 бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат  донишкадаи мустақил гардид.

Дар донишкада барои таҳсилу истироҳати донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.  Он дорои 2 бинои таълимӣ, таҷҳизоти нави замонавӣ, китобхонаҳои муқаррариву электронӣ муҷаҳҳаз бо синфхонаҳои компютериву бо  шабакаҳои  интернет пайваст мебошанд. Як хобгоҳи навтаъмири шароити мусоиддошта, метавонад донишҷӯёни аз дигар шаҳру ноҳияҳо омадаро бо ҷойи хоб таъмин намояд.  Дар донишкада толори варзишии дорои 1680 ҷойи нишаст ва бо тамоми таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз, инчунин майдони варзиш ва истироҳатии ҷавонон вуҷуд дорад.
Сохтори донишкада устувору васеъ гардида, дар он воҳидҳои наву ба талаботи замона мувофиқ таъсис ёфта истодаанд. Ҳоло дар сохтори асосии он 4 факултет ва 14 кафедра аз рӯйи 15 ихтисосҳои гуногун фаъолият дошта, дар он зиёда аз 2000 ҷавон касбу ҳунар меомӯзанд. 
- Дар донишкада  шакли дузинагии таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр ва магистратура) ҷорӣ карда шуда, низоми таълимии кредитӣ ба роҳ монда шудааст, иброз медорад Муродалӣ Сангов, ректори Донишкадаи омӯзгории  Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.  - Фаъолияти дусолаи донишкада нишон дод, ки агар имкониятҳои низоми кредитии таълим дуруст ба роҳ монда шаванд, сатҳу сифати таълим, махсусан фаъолияти мустақилонаи донишҷӯён беҳтар мешавад. Истифодаи технологияи компютерӣ, таҳияи барномаҳои идоракунӣ имкон медиҳад, ки назорату баҳодиҳии донишандӯзии донишҷӯён объективона анҷом дода шавад.
Пояи моддӣ - техникии донишкада мустаҳкам шуда истодааст. Давра ба давра харидорӣ ва насби таҷҳизоти компютерӣ бо шабакаҳои локалӣ  ва интернетӣ, инчунин 7 тахтаи электронӣ дар истифодаи донишҷӯён қарор доранд. Ҳоло донишкада  ҷиҳати дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ дастрас намудани таҷҳизоти нави замонавӣ барои озмоишгоҳи кимиёвӣ, ва мошинаҳои дарздӯзӣ кӯшиш намуда истодааст.
Ба нақша гирифта шудааст, ки моҳи июли соли равон аз ҳисоби мабалағҳои шартномавӣ музди меҳнати омӯзгорони донишкада 25 дарсад зиёд карда мешавад.
Бо вуҷуди ин, донишкада аз устодони ботаҷриба ва унвондор танқисӣ мекашад. Дар 101 воҳиди кории мавҷуда 34 омӯзгори штатӣ, 52 ҳамкори дохилӣ ва 33 омӯзгори ҳамкори беруна ба донишҷӯён таълим медиҳанд. Дар баробари ин 13 воҳиди корӣ холӣ мебошад. Дар байни устодони асосии ҳамкор 19 нафар номзад ва 10 доктори илм фаъолият доранд.
Дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта раёсати донишкада такя ба аспирантону магистрон менамояд, ки теъдоди онҳо рӯз то рӯз афзуда истодааст. Ҳоло 20 нафар аспиранту унвонҷӯи кафедраҳои гуногуни донишкада машғули кори илмӣ буда, 4 нафари онҳо дар арафаи дифои рисолаҳояшон мебошанд.
Муродалӣ Сангов донишкадаи мазкурро арзишмандтарин туҳфа барои сокинони минтақаи Рашт  аз ҷониби Пешвои миллат арзёбӣ намуда афзуд, ки он дар ҳаёти маърифатию фарҳангии мардуми кӯҳистон тӯли садсолаҳо нақши муассир хоҳад гузошт.

Худодод ЗАЙНИДДИН,
 "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2016    №: 28    Мутолиа карданд: 1428
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед