logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ, амалӣ намудани ислоҳоти минбаъдаи он ва дастгирии молиявии субъектҳои хоҷагидории соҳа фармон медиҳам:
1. Қарзи субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пахтакорӣ, ки то 1 январи соли 2008 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба амал омадаанд, бо роҳи аз ҳисоб баровардан, кам кардан (дисконт), ба таъхир гузоштан ва тамдиди мӯҳлати пардохти қарзҳо ва барориши қоғазҳои дарозмуддати қиматноки давлатӣ ҳал карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар муддати як моҳ тартиби ҳалли қарзҳои соҳаи пахтакорӣ ва Нақшаи амалиётро оид ба ислоҳоти бахши аграрӣ муайян намояд.
-  дар муддати шаш моҳ Стратегияи рушди иҷтимоии деҳотро       барои солҳои 2010 -2020  таҳия ва тасдиқ намояд.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон:
- баргардонидани бақияи қарзи мавҷударо аз тарафи сармоягузорон таъмин намояд;
-  дар муддати як моҳ сохтори дахлдорро ҷиҳати амалӣ намудани тартиби тамдиди қарзҳои соҳаи пахтакорӣ, омӯзиш ва баҳодиҳии пардохти саривақтии қарзҳои сармоягузорон, инчунин ҷараёни  аз ҳисоб баровардани қарзи хоҷагиҳо созмон диҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2009,  № 663


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2565
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед