logo

муҳоҷират

ДИАСПОРАҲО

ҶАЛБИ ОНҲО БА РУШДИ ТОҶИКИСТОН ЗАРУР АСТ
Яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб дар самти муҳоҷират, ки метавонад бевосита ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони меҳнатӣ таъсири мусбат расонад, ин ҷалб ва истифодаи самараноки диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар амалисозии нақшаю барномаҳои давлатӣ мебошад. Айни замон масъалаи мазкур барои Тоҷикистон ниҳоят афзалиятнок буда, давлати мо бояд барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбат дар ин самт талош намояд.

Давлатҳои ҷаҳон ва коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ таҷрибаи пешқадами Филиппин ва Ҳиндустонро дар ҷалб ва истифодаи оқилонаи сармоягузории диаспораҳо ҳамчун намуна нишон медиҳанд. Мақомоти давлатии кишварҳои зикргардида барои ҷалби маблағҳои диаспораҳо, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодии мамлакат кафолат дода, ба ин васила баҳри шаҳрвандони худ ҷойҳои нави кории доимиро ташкил мекунанд.
Инчунин, мақомоти давлатии Филиппин ва Ҳиндустон ба диаспораҳо, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта имконият медиҳанд, ки фаъолиятро дар самти соҳибкории хурду миёна бемамониат ба роҳ монанд. Барои ҳавасманд ва пурзӯр намудани фаъолият дар ин самт кумитаи андоз субъектҳои навташкилро ба муҳлати ду сол аз ҳамаи намудҳои андоз ба истиснои андози музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ озод менамояд.
Миқдори маблағҳои воридшудаи диаспораҳо, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатии Ҳиндустон аз хориҷа ба давлати худ сол ба сол афзуда, яке аз сабабҳои беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон, бавижа дар соҳаи кишоварзӣ, гаштааст. Танҳо соли 2012 ба Ҳиндустон аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ 68 миллиард доллари ИМА ворид шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ, диаспораҳо, ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар хориҷи мамлакат зиндагию фаъолият доранд, соли 2010  «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар»-ро тасдиқ кард, ки он соли 2015 дар таҳрири нав ба тасвиб расид.
Мутаассифона, барои анҷом додани фаъолияти пурсамар дар ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ тадбирҳои андешидаи мақоми ваколатдор дар симои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чандон натиҷаи назаррас надоранд. Ҳарчанд дар ду соли охир, вазорат метавонист дар асоси ваколатҳои худ роҳбарии соҳаи муҳоҷират ва татбиқи сиёсати давлатиро дар ин самт аз будаш амалӣ созад… Аз ин лиҳоз ин самти барои кишвари мо ниҳоят муҳим таваҷҷуҳи бештар мехоҳад. 
Бо назардошти зиёд шудани муҳоҷират дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва, аз ҷумла, дар мамлакати мо, бунёд намудани Пажӯҳишгоҳи диаспораҳо ва ҳамгироии муҳоҷирони бозгашта (Институт диаспоры и интеграции возвратившихся мигрантов) зарур аст. Зеро соҳаи мазкур доимо ба гузарондани тадқиқот ва таҳлилҳои илмиву амалӣ ниёз дорад.
Бо мақсади ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ, инчунин ҷиҳати таъмини идоракунии давлатӣ дар самти муҳоҷират ва иҷрои пурраи ваколатҳо ҳамчун пешвои соҳа, дар Тоҷикистон таъсис додани вазорат ва ё кумита оид ба масъалаҳои муҳоҷират ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар сохтори ин ниҳод будани раёсати кор бо диаспора ва ҳамватанони бурунмарзӣ пешбинӣ карда шавад, зеро мутобиқи маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, танҳо дар ҳудуди ин кишвар зиёда аз 150 диаспора ва ҷамъияти тоҷикон ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, маълум аст, ки дар қаламрави давлатҳои хориҷи дуру наздик низ диаспора ва ҷамъиятҳои тоҷикон фаъолият доранд ва бо ҳамаи онҳо бояд равобити доимӣ ба роҳ монда шавад. Мутаассифона, сохтори ҳозираи дастгоҳи марказии идораи муҳоҷират дар ин самт натиҷаҳои назаррас надорад.
Барои ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо диаспора ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва таҳти идоракунии давлатӣ қарор додани равандҳои он, бо назардошти мо ҳалли се масъалаи зерин ногузир аст:
1. Таъсиси ниҳоди мустақил дар симои вазорат ва ё кумита оид ба муҳоҷират бо қабули кормандони масъулу ботаҷриба ва коршиносони соҳа.
2. Таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии замонавӣ ва ба таври касбӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо давлатҳои хориҷи дуру наздик дар самти муҳоҷират.
3. Дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамоҳангсозии масъалаҳо ва ҳамкориҳои байниидоравӣ, дастгирии ташаббуси ваколатдор ва пешвои соҳа оид ба муҳоҷират.

Саъдулло ИСЛОМОВ,
доктори илмҳои иқтисодиёт,
Анвар БОБОЕВ,
номзади илмҳои иқтисодиёт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2016    №: 28    Мутолиа карданд: 29362
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед