logo

мулоқотҳо

Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳерман Ван Ромпей

31 майи соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Ҳерман Ван Ромпей, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд.
Масоили ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хосаи Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Ҳерман Ван Ромпей ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Брюссел, ки моҳи феврали соли равон сурат гирифта буд, зоҳир гардид.
Масоили вобаста ба таҳкиму густариши муносибатҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби барномаҳои ҳамкорӣ бо сохторҳои аврупоӣ ва ҳам мусоидат ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буданд.
Таъкид гардид, ки дар барқарорсозии суботи сиёсӣ ва иқтисодиёти Афғонистон аз имкону захираҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бо ин кишвари азиятдида сарҳади тӯлонӣ дорад, бояд васеъ истифода карда шавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки монеаҳои сунъии дар Осиёи Марказӣ мавҷудбуда бояд баҳри таъмини мубодилаи озоди иттилоот, молу хизматрасонӣ ва ҳаракати одамон бартараф карда шаванд.
Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва дигар нақшаю барномаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ аз воситаҳои муҳими расидан ба ин ҳадафҳо маънидод гардид.
Нақшаҳои гидроэнергетикӣ ва коммуникатсионӣ бо назардошти судмандиашон барои тамоми кишварҳои минтақа дорои аҳамияти ҳаётӣ номида шуданд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагии худро баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1959
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед