logo

маориф

Ислоҳот ба соҳаи маориф дигаргуниҳои куллӣ ворид намуд

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар даврае пешниҳод гардид, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳон ба гирдоби мушкилоти ғайримунтазираи бӯҳрони амиқи иқтисодиву молиявӣ мувоҷеҳ шуда, ҳар кадом вобаста ба имкону тавоноиаш баҳри раҳоиву наҷот ёфтан сафинаи хешро идора менамояд. Албатта, Тоҷикистон низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин раванди номатлуб истисно нест ва мо пайомадҳои манфии ин таҳаввулотро, ки  ба тадриҷ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ доман паҳн мекунанд, ба сурати возеҳу рӯшан мушоҳида карда метавонем. Маҳз ба ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро бо таҳлилу баррасии вазъи воқеӣ ва мушкилоти пешорӯ оғоз намуда, таъкид бар он доштанд, ки аз рӯзҳои аввали саршавии таъсири бӯҳрон ба иқтисоди мамлакат комиссияи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва баҳри ҳалли таъҷилии проблемаву масъалаҳои мавҷуда силсилаи чорабиниҳои таъхирнопазиру мушаххас андешида шуданд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа бо мақсади дастгирии буҷети давлатӣ, дастгирии тавозуни пардохт ва низоми пулии кишвар аз ҳисоби муассисаву ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ маблағҳои зиёди грантӣ ва иловагӣ ҷалб гардиданд. Сардори давлат бо мақсади суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба Ҳукумати ҷумҳурӣ тавсия доданд, ки ҳамкориашонро бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ тақвият бахшида, бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда нақшаи тадбирҳои иловагии зиддибӯҳрониро барои давраи кӯтоҳмуддат таҳия карда, иҷрои вазифаҳои зерин:
-таъмини устувории макроиқтисодӣ, ки тадбирҳои заруриро дар самти сиёсати пуливу қарзӣ ва андозу буҷет дар бар мегирад;
-рушди бахшҳои воқеии иқтисод, аз ҷумла, соҳибкории хурду миёна;
-фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузориҳо;
-ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастгирии бозори меҳнат ва ба он ҷалб намудани шумораи ҳарчи зиёдтари бекорон;
-таъмини ҳатмии чорабиниҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ дар шароити бӯҳрони иқтисодиро амалӣ намояд.
Қобили тазаккур аст, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ новобаста ба вазъи душвори баамаломадаи иқтисодиву молиявӣ маориф соҳаи ҳаётан муҳим, афзалиятнок ва сарнавиштсоз арзёбӣ гардид. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Боиси қаноатмандии комил аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумӯъ, ба сатҳи ҷаҳонӣ расонидани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии таълим чораҳои муассир меандешанд. Аз ин рӯ, ҳангоми қабули буҷети давлатӣ барои соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф имтиёзи бештар дод: маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз 690 миллион сомонии соли 2008 ду баробар беш гардида, ба 1 миллиарду 140 миллион сомонӣ расонида шуд. Ҳарчанд вобаста ба вазъи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ зарурати таҷдиди назар намудан ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» ба миён омад ва маблағгузории соҳаи маориф 29 миллион сомонӣ кам карда шуд, вале он дар маҷмӯъ низоми умумии маблағгузории соҳаро халалдор нахоҳад кард. Зеро ин маблағ танҳо аз ҳисоби пешгирии сарфаи  хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ, таъмир, хариди таҷҳизоту нақлиёт, сафарҳои хизматӣ, зиёд намудани штатҳои мансабӣ, чорабиниҳое, ки дар шароити кунунӣ афзалият надоранд, исрофкорӣ ва дигар хароҷот амалӣ гардид. Яъне  таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф дар кори давлатдорӣ таҷрибаи бесобиқа мебошад ва то кунун мушоҳида нашудааст, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва дорои мушкили зиёди иқтисодӣ ба соҳаи маориф қариб сеяки буҷети давлатиашро сарф кунад.
Бар иловаи маблағҳои буҷетӣ баҳри рушди соҳаи маориф, ҳалли масъалаҳои мавҷудаи соҳа аз маблағҳои қарзӣ ва грантҳо босамар истифода бурда мешавад. Бо мақсади татбиқи барномаи сармоягузорӣ имрӯз 6 лоиҳаи сармоягузорӣ аз ҷониби 4 Маркази идораи лоиҳа ва раёсати сохтмони асосии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 71 миллиону 780 ҳазор доллар амалӣ мегардад. Ба ибораи дигар, бо маблағҳои грантӣ дар гӯшаҳои дурдасттарини ҷумҳурӣ бори аввал дар таърих биноҳои барҳавои мактабҳо сохта мешаванд.
Дар ҳама давру замон аҳли маориф аз зумраи тарғибгарони аслии сиёсати давлат буда, ба ин васила дар амалӣ гардидани ҳадафҳои некбинонаву раъиятпарваронаи он саҳм мегузоранд. Хушбахтона, дар айёми кунунӣ низ муаллимон ва кормандони муассисаҳои таълимии кишвар бо дарки амиқи вазъи бамиёномада дар ин амри хайр нақши роҳнамову пешбин доранд. Дар Паёми имсолаи Сардори давлат ба масъалаи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, об, газ, инчунин истифодаи лампаҳои каммасраф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид ва вобаста ба ин фармони алоҳидаи Вазорати маориф низ ба тасвиб расид. Аллакай тамоми лампаҳои дастгоҳи Вазорати маориф, аксарияти муассисаҳои тобеи он бо лампаҳои каммасраф иваз карда шуданд ва ин раванд дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ идома дорад. Боварӣ дорем, ки аҳли маориф на фақат дар амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Сардори давлат бевосита саҳмгузорӣ менамоянд, балки дар тарғибу ташвиқи ин иқдомоти наҷиб дар байни аҳолӣ саҳми шоиста мегузоранд.
 Яке аз мушкилоти умдаи соҳаи маориф дар тӯли солиёни зиёд ҷалби мактабиёну донишҷӯён ба корҳои саҳроӣ буд. Новобаста ба дастуру фармоишоти зиёди Вазорати маориф дар ин замина масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо толибилмонро ба корҳои мавсимии кишоварзӣ сафарбар менамуданд ва ин амал, албатта, ба раванди мӯътадили таълиму тарбия халали ҷиддӣ ворид месохт. Хушбахтона, Президенти кишвар дар Паёми худ ба вазоратҳои кишоварзӣ ва маориф, мақомоти иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки минбаъд аз ҷалб намудани мактаббачагон ва донишҷӯён ба корҳои саҳро, бахусус, ҷамъоварии пахта қатъиян худдорӣ намоянд. Ин иқдоми наҷиб аҳли маорифро водор месозад, ки дигар баҳонаҷӯӣ накарда, ҷиддан ба иҷрои масъулияти баландашон дар назди Ватан ва ҷомеа - таълиму тарбияи фарзандони шоистаи миллату сарзамин машғул шаванд.
Дар Паёми имсола масъалаи сарфакорона истифода бурдани обу замин таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муроҷиат ба сокинони кишвар таъкид намуданд, ки «дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва камобию хушксолие, ки бисёр кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, истифодаи оқилонаву самарабахши замин ва обро ба роҳ монда, дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда ва ватандӯстонаи худро гузоранд». Албатта, муносибати дилсӯзона ба неъматҳои бебаҳо -замини рӯзидеҳ ва обу хоки файзбахши диёр, ки табиат барои мо - тоҷикон арзонӣ доштааст, ҳам фарз асту ҳам суннат. Файзу ободии дастархон, рӯи сурху чашми сери мардум вобаста ба он аст, ки бо замин чӣ гуна муносибатро раво медорем. Аз ин рӯ, ин таъкиди Сардори давлат барои омӯзгорони кишвар, ки қисмати аъзамашон маскуни деҳот буда, бо замину об  иртиботи ногусастанӣ доранд, дастури роҳнамоест. Корбурди бомавриди онҳо дар амалияи ҳаррӯза ба суди мардум буда, ба ғанӣ гардидани бозори истеъмолии дохили кишвар мусоидат менамояд.
Аксарияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар музофот чунин имкониятро доранд. Онҳо метавонанд фориғ аз таълиму тарбия он заминҳоро самаранок истифода бурда, ҳосили ба даст овардаро барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ сарф намоянд. Боиси таъкид аст, ки бо мақсади истифодаи босамари қитъаҳои замини назди муассисаҳои таълимӣ фармони вазири маориф аз 7 марти соли 2008,  № 257 ба тасвиб расида буд. Мувофиқи талаботи банди дуюми фармони мазкур «Дар сурати надоштани заминҳои назди таълимгоҳӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарордод ба мувофиқа расонида, қитъаҳои заминро дастрас намуда, онро барои кишти ғалладона, зироатҳои полезӣ ва боғпарварӣ истифода намоянд». 
Пӯшида нест, яке аз сабабҳои асосии нарасидани мутахассисон дар мактабҳо кофӣ набудани музди кори муаллимон мебошад. Бинобар ин, масъалаи зиёд кардани музди меҳнати кормандони соҳа ҳамвора дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Соли гузашта музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ба андозаи  40 фоиз баланд шуд, музди меҳнати мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба маоши омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ баробар гардид. Бо вуҷуди мушкилоти бамиёномадаи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 15 фоиз зиёд хоҳад шуд. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам дар бобати боз ҳам беҳтар кардани шароити маишию иҷтимоии омӯзгорон пешниҳодҳои худро ба мақомоти дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол медорад.
 Дар раванди амалӣ гардидани ислоҳоти куллии соҳаи маориф бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таъмини заминаи моддӣ - техникии онҳо то ин дам корҳои зиёде ба сомон расиданд. Қобили тазаккур аст, ки  танҳо дар соли гузашта 32 мактаби нав барои 9088 ҷои нишаст, дар назди 114 мактаб барои 13259 ҷои нишаст синфхонаи иловагӣ сохта, 61 мактаби дигар аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Маблағи умумии  сохтмони ин мактабҳо ба 72 миллиону 306 ҳазор сомонӣ баробар аст. Маълум аст, ки шумораи хонандагон сол ба сол меафзояд ва зарурати сохтмони синфхонаҳои иловагию мактабҳои нав ба миён меояд. Вобаста ба ин соли гузашта бо супориши Президенти мамлакат Вазорати маориф «Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмуриву ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд»-ро таҳия намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт ва вобаста ба иҷрои он қарорҳои дахлдор қабул гардид. Ин барнома баҳри беҳтар гардидани базаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иҷроиши моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мусоидат менамояд. Дар марҳилаи аввали татбиқи барномаи мазкур 101 мактаб аз вагонҳо ва 136 мактаб аз хонаҳои шахсӣ бароварда мешаванд. Дар идома аз таъмири асосӣ баровардани 208 мактаб ва сохтмони 75 мактаби нотамом дар назар дошта шудааст. Маблағи умумии барнома 590, 1 миллион сомониро дар бар мегирад.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир дар ҷодаи сифати таълим пешравиҳои ҷиддии умедбахш ба мушоҳида мерасанд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки сатҳи донишандӯзии  хонандагону донишҷӯёни имрӯза нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар гардидааст. Хонандагону донишҷӯёни имрӯза бо имконияту шароити бештари таълим таъмин буда, дар озмуну мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ ширкат меварзанд ва шарафи кишвари соҳибистиқлоламонро  ҳимоя менамоянд. Аз ҷумла, теъдоди хонандагону донишҷӯёни боистеъдоде, ки ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ рухсат мегиранд, ҳамасола меафзояд. Агар дар озмуни ҷумҳуриявии соли 2007  95 нафар ширкат карда бошад, пас ин шумора соли гузашта ба 158 нафар расид. Сифати дониши онҳо низ қобили зикр аст. Дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ соли гузашта 41 нафар хонанда иштирок кард, ки ин нисбат ба соли пешин ду маротиба зиёд мебошад. Дастовардҳои навоварону ихтироъкорони ҷавон, санъаткорону варзишгарон низ сазовори таҳсину офарин аст.
 Бо вуҷуди ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ барҳақ таъкид намуданд, ки «сатҳу сифати таълим, донишандӯзӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар мамлакат қонеъкунанда намебошад. Инчунин, масъалаи баъди гирифтани таҳсилоти асосӣ аз мактаб дур мондани шумораи зиёди наврасон ташвишовар мебошад». Дар ҳақиқат, эродҳои Сардори давлат ба кори аҳли маориф дар заминаи паст будани сатҳу сифати таълим, донишандӯзӣ ва омода кардани мутахассисони болаёқат то андозае бозгӯи воқеъияти рӯзгори мост. Санҷишҳои аз ҷониби Вазорати маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот гузаронидашуда муайян намуданд, ки арзёбии дониш дар аксарияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, олӣ ҷавобгӯи талаботи замони муосир набуда, беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунанд. Махсусан, сатҳи дониш дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ боиси нигаронии ҷиддист. Ҳарчанд дар самти таъмир, азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои зиёде ба анҷом расида бошанд ҳам, ҳанӯз камбудиҳои чашмрас дар сифати таълиму тарбия ҷой доранд. Сифати таълиму тарбия дар ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамени вилояти Суғд, ноҳияҳои Қумсангир, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Қубодиён, Ҷиликӯл, Хуросон ва Ховалинги вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Шуғнон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Тоҷикобод, Тавилдара, Файзобод, Ҳисор ва як қатор мактабҳои шаҳри Душанбе ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд. Сатҳи азхудкунии дониш 47-49%-ро дар ин зинаи таҳсилот ташкил медиҳад, ки ин, албатта, ба меъёрҳои муайянкардаи Вазорати маориф  мувофиқат намекунад. Дар ин самт бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо назоратро нисбат ба фаъолияти раёсат ва шӯъбаҳои маориф боз ҳам пурзӯр созанд ва барои ҳамкории падару модарон ба мактаб мусоидат намоянд. Санҷиш ва таҳлилҳои мутахассисони Вазорати маориф нишон медиҳанд, ки сабаби ин агар аз як тараф, нарасидани мутахассисони босалиқа бошад, аз тарафи дигар, камҳавсалагии баъзе омӯзгорон ва бепарвоии волидон низ ҳаст. Ҳоло дар ҳамаи минтақаҳои кишвар имконияти ба роҳ мондани низоми дурусти таълиму тарбия муҳайё гардид. Дар ин ҷода танҳо хоҳишу масъулияти мутасаддиён ва падару модарон зарур аст.
 Дар соҳаҳои омӯзгорӣ, техникӣ, аграрӣ ва иқтисодӣ дониши донишҷӯён ба меъёрҳои муайяншуда мувофиқат намекунад. Агар яке аз сабабҳои паст будани сатҳи дониши донишҷӯён бе тайёрии ҷиддӣ ба дарс омадани онҳо бошад, аз тарафи дигар, омили асосӣ ба таври зарурӣ ташкил ва ба роҳ намондани ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад.
 Дараҷаи азхудкунии дониш дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз 47 % то 60 % -ро ташкил намуда, дар ихтисосҳои табиатшиносӣ ва техникӣ ин фоиз поёнтар меравад, ки, албатта, ташвишовар мебошад. Дар самти баланд бардоштани сифати дониш ба ҳама муассисаҳои таҳсилоти олӣ дастурҳои мушаххас ироа гардида, дар ин замина чорабиниҳои зиёд ба нақша гирифта шудаанд. Дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олӣ бахшҳои арзёбии дониш ташкил гардидаанд, ки барои муайян кардани рейтинги факулта ва кафедраҳо мусоидат менамоянд. Яъне самти асосии фаъолияти Вазорати маориф минбаъд ҳам ба беҳбуди сатҳи сифати дониш равона хоҳад шуд. Моро лозим меояд, ки баҳри муҳайё намудани шароити боз ҳам мусоид барои муассисаҳои таълимӣ, ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон, таъмини манфиату истироҳати онҳо чораҳои таъхирнопазир андешида, тамоми маҳорату малакаи худро баҳри беҳбудии сифати таълим равона созем.
Президенти кишвар таъкид карданд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи рушди илмҳои техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияи муосир аҳамияти муҳим пайдо кардааст. Лекин дар кишвари мо илмҳои дақиқ то андозае дар ҳошияи илмҳои гуманитарӣ ҷой гирифтаанд. Ин аст, ки имрӯз тафаккури техникиву технологии мо дар сатҳи нисбатан паст қарор дорад. Сардори давлат дар Паёми хеш ба Вазорати маориф дастур доданд, ки ба технологияҳои муосир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, касбӣ, миёнаи махсус ва олӣ, инчунин ба раванди воридшавӣ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ суръат бахшад. Дар ҳақиқат, ин як амри ногузир аст.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ба масъалаҳои ворид гардидан ба фазои ягонаи байналмилалии таҳсилот дар алоқамандӣ бо фарҳангу маърифат ва тамаддуни башарӣ бо роҳҳои пайдо кардани мазмуну мундариҷаи нави таҳсилот - ҷорӣ кардани технологияи ҷадиде, ки муқаррароти илмию фарҳангӣ, техникӣ ва ахлоқию тарбиявии башариро барои ба инсон дастрас кардан, ҳаракати фикрии ӯро ба самти фарогирии дониш, фаросати олӣ, дастовардҳои илмию техникӣ равона кардан таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд. Мақсад ин аст, ки дар ниҳоди инсон шуури маънавӣ падид ояд, донишҳои зарурӣ ва арзишҳои  миллиро фаро гирад, ба забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллии халқҳои дигар эҳтиром ба ҷо оварданро биомӯзад.
Сардори давлат дар робита ба ин пешниҳод намуданд, ки ба низоми таълим ворид намудани тағйирот тақозои замон аст ва аз сентябри соли 2010 ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва аз сентябри соли 2014 ба низоми нави таҳсилоти умумӣ гузашта, бо ин роҳ барои ҳамроҳ шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ замина фароҳам оварда шавад. Барои гузаштан ба чунин низоми таҳсил Вазорати маориф, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо мақсади зиёд намудани ҷойҳои нишасти хонандагон аз ҳоло дар бораи бунёди мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳои муассир андешанд. Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон узви  ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва дастовардҳои ҷомеаи башариро, ки ба инкишофи шахс ва ҷомеа мусоидат менамоянд, қабул мекунад ва дар ин раванд саҳм низ мегирад. Гузаштан ба таҳсилоти ҳатмии даҳсола ва низоми нави таҳсилоти умумӣ аз воқеияти замони муосир бармеояд, ки барои ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид гардидани кишварамон мусоидат менамояд.
Дар номгӯи масъалаҳои афзалиятноки «Стратегияи  миллии  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ намудани омӯзиши технологияи пешрафтаи муосир ва дар ин замина вусъат бахшидан ба сифати тайёр намудани мутахассисон барои қонеъ гардонидани талаботи шахс, давлат ва ҷомеа мавқеи хоса дорад. Зеро асри ХХI-ро бе технологияи нави иттилоотиву коммуникатсионӣ тасаввур намудан душвор аст. Ин соҳаи нисбатан нав тамоми ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст ва дар ҷое, ки имконият фароҳам меояд, мавриди истифода қарор мегирад. Ҳукумати кишвар ҳанӯз соли 2002 «Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003-2007»-ро  қабул намуда буд. Барнома барои таъмини 2853 мактаб бо компютерҳои замонавӣ пешбинӣ гардида, омӯзиши фанни «Технологияи информатсионӣ» дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз синфи 8 оғоз гардид. Мақсади асосии ин барнома баланд бардоштани сифати таълим бо истифодаи васеи технологияи муосир дар ҷараёни таълим мебошад, зеро бе гирифтани маълумот оид ба дастовардҳои ҷаҳони муосир инкишофи соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг, илм имконнопазир аст. Ин маълумот тавассути воситаҳои гуногуни ахбор ба даст оварда мешавад, вале дар маркази ҳамаи ин воситаҳо технологияи  информатсионӣ ва коммуникатсия мавқеи асосӣ дорад. Ҳамин нуктаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб дарк намуда, ҳалли вазифаҳои асосии зеринро тавассути ин барнома пеш гузошт:
-таъмин намудани  муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ ва  телекоммуникатсионӣ;
-тавассути ҷорӣ кардани технологияи навин таъмин намудани пешрафти кишвар вобаста ба рушди  соҳаи  маориф;
-ба фаъолияти эҷодии омӯзгорон ва хонандагон диққати ҷиддӣ дода, ба воситаи технологияи компютерии ҳозиразамон паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар ҷараёни таълим;
-татбиқи технологияи муосир бо мақсади рушди соҳаи маориф, фарҳанги миллӣ ва иқтисодиёту истеҳсолот;
-инкишофи тафаккури техникӣ ва эҷодии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар.
Мӯҳлати  амали ин барнома ба анҷом расид, вале қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин давра  мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар бо 21105 адад компютер таъмин гардиданд ва ин 2611 адад синфхонаи компютериро ташкил медиҳад. Мактабҳо аз рӯи иҷроиши барнома 68,3% бо компютерҳо таъмин гардиданд (Мувофиқи талаботи барнома барои 20 нафар хонанда 1 компютер пешбинӣ  шудааст). Ҳамчунин стандарти фанни «Технологияи информатсионӣ» барои синфҳои 7-11, барномаи ин фан ва китобҳои дарсии «Асосҳои технологияи информатсионӣ» барои синфҳои 7, 8-9, 10,11 бо теъдоди 300000 нусха чоп ва дастраси мактабҳои таҳсилоти умумӣ гардонида шуданд. Мактабҳо дар айни ҳол воситаҳои асосии таълими ин фан - компютер, барнома, китоби дарсӣ ва билохира муаллимро доранд.
Талабот ба кушодани синфҳои компютерии иловагӣ дар муассисаҳои  умумӣ амри воқеӣ гашта, ташкили синфҳои компютерӣ ва таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вобаста ба талаботи пешрафти илмию техникии муосир масъалаи ниҳоят муҳим ва тақозои замон мебошад.
Натиҷаи амалӣ шудани барномаи мазкур талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ нагардонид ва бо мақсади иҷрои пурраи супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси машваратӣ бо кормандони соҳаи маориф аз 22 декабри соли 2005 ва аз 14 феврали соли 2007 марҳалаи дуюми «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2010» қабул карда шуд. Марҳилаи дуюми барнома ва иҷрои он ба хонандагон имконият медиҳад бо навигариҳои илму техника ва технологияи муосир аз наздик шинос шуда, барои омӯзиши амиқи ҳамаи фанҳо, бахусус илмҳои дақиқ ва техникӣ замина гузоранд.
Инак, аз марҳилаи дуюми барнома низ беш аз як сол сипарӣ шуд. Дар давоми соли 2008 ба мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 3474 компютер дастрас гардид. Аз ин шумора 2539 адади он аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шудаанд. Талаботи умумӣ барои иҷрои барнома дар давоми солҳои 2008-2010  14200 адад компютерро ташкил мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду сол имкони пурраи таъмини мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо компютер дорад.
Мувофиқи банди 4-уми қарори фавқуззикри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор шудаанд, ки дар амалӣ гардидани барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ саҳм бигиранд. Дар ҳақиқат, дар баробари ташаббус ва саҳмгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар дар ин кор Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои гуногун, сарпарастон, шахсони ҳуқуқию воқеӣ, масҷидҳо саҳм гирифтанд. Вале, мутаассифона, ин саҳмгузорӣ танҳо дар дастрас намудани компютер ба мактаб сурат гирифтаасту халос. Паҳлӯҳои дигар ва норасоиҳое, ки ҳангоми амалӣ намудани барнома пайдо шудаанд, аз мадди назари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дур мондаанд. Аз ин рӯ Вазорати маорифи кишвар вазъи воқеии амалӣ гардидани барномаро ба роҳбарони ин мақомот борҳо ёдовар шудааст. 
Вазъи таъминот бо компютер ва дигар таҷҳизоти техникии он дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ асосан  қаноатбахш мебошад. Ҳарчанд барномаи давлатии компютеркунонӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ шудааст, бо супориши Президенти мамлакат мактабҳои олӣ аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавӣ тавонистанд бо компютерҳо таъмин гарданд. Дар ҳамаи мактабҳои олӣ ба миқдори зарурӣ синфхонаҳои компютерӣ таъсис ёфта, бо компютер таъмин шудаанд. Ҳамаи мактабҳои олии касбии ҷумҳурӣ бо шабакаи байналмилалии «Интернет» пайваст буда, аз он ба таври лозимӣ истифода мебаранд. Хусусан, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ин корро хеле хуб ба роҳ мондаанд. Кушодани синфҳои компютерии бо шабакаи «Интернет» пайвастшуда барои аспирантон, таъсиси озмоишгоҳи махсуси компютерии «CISCO» ва китобхонаҳои электронӣ қобили таваҷҷӯҳ мебошад. Мактабҳои олӣ айни замон компютерҳои мавҷударо дар раванди таълим, ташкили кори мустақилонаи донишҷӯёну унвонҷӯйҳо, ташкили коргузории шӯъбаҳо истифода мебаранд.  
 Дар Паёми Президенти кишвар  ба Вазорати маориф дастур дода шуд, ки мувофиқи талаботи пешрафти ҷаҳони муосир ба мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар эътибори ҷиддӣ дода, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро таъмин намояд. Бешак, яке аз масъалаҳои муҳим дар соҳаи ислоҳоти маориф таҳияи китобҳои дарсӣ мебошад. То имрӯз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ ва аксар барномаҳои таълимӣ пурра таъмин гаштанд. Танҳо соли гузашта Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 номгӯй китоби дарсиро бо маблағи беш  аз 10 миллион сомонӣ ба табъ расонид. Китобҳои дарсӣ ба тамоми ноҳияҳо дастрас шуданд. Соли гузашта бо кӯшиши Маркази идораи лоиҳаи дар соҳаи маориф (Бонки умумиҷаҳонӣ) 17 номгӯй китоби дарсӣ, 3 номгӯй барномаҳои таълимӣ, 6 номгӯй аёниятҳо нашр шуданд. Ҳамин тавр, масъалаи бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ асосан ҳал гардид. Акнун вазифа аз он иборат аст, ки дар бораи ба барномаҳо мувофиқ гардонидани китобҳои дарсӣ, сатҳи сифати онҳо, таҳияи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чораандешӣ намоем.
Барои таъмин ва ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҷои кор қарордоди сеҷониба байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба имзо расонида шуда, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Дастурамали баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, ба ҷойҳои муайяншудаи корӣ ҳозир намешаванд» таҳия гардид. Ҳуҷҷати мазкур барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор фиристода шуда, баъдан барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Ислоҳот ба соҳаи маориф дигаргуниҳои азими куллӣ ворид намуд. Вале ин дигаргуниҳо набояд моро қонеъ кунанд. Чи тавре ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «сатҳи баланди тафаккури гуманитарӣ, ки мардумро ба худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва фарҳанги пурғановати миллати худ ҳидоят мекунад, бисёр муҳим аст. Вале танҳо дар асоси тафаккури гуманитарӣ мо аз илму техника ва технологияҳои муосир пурра бархурдор шуда наметавонем. Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷаи Вазорати маориф, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз он иборат аст, ки ҳамаи қувваю имкониятҳои худро дар баробари рушди илмҳои гуманитарӣ ба тавсеа ва инкишофи илмҳои техникӣ ва риёзӣ сафарбар намуда, заминаи такомули шуури техникӣ ва иқтисодии ҷомеаро фароҳам оранд.  Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».
Дар айни ҳол дар низоми таҳсили муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ меъёрҳои ҷаҳонӣ ворид шуда, барои тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби дар бозори меҳнат рақобатпазир тадбирҳои зиёде андешидан лозим аст. Тараққиёту пешрафти ҳар як давлат ба фаъолияти кадрҳои навҷӯву навовар ва баландихтисосу лаёқатманд вобаста мебошад. Боиси хушнудӣ аст, ки маҳз бо ибтикори Сардори давлат барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар хориҷи кишвар Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин стипендияи байналмилалии Президенти кишвар «Дурахшандагон» таъсис дода шуд. Умедворем, ки муассисаҳои навтаъсиси «Маркази  барномаҳои байналмилалӣ» ва «Маркази миллии тестӣ» дар интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ саҳми босазо мегузоранд.
Дар воқеъ, барои он ки имрӯз насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намоем, моро лозим меояд, ки онҳоро ба донишандӯзӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, техникӣ, табиатшиносӣ, забонҳо, инчунин ба оммавӣ гардидани варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ раҳнамун созем. Зеро ҳоло баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии мактабиёну донишҷӯён, ҳисси ватандӯстию хештаншиносии насли наврас ва мутахассисони оянда ба масъалаи муҳими рӯз табдил ёфтааст. Пайвастани ҷараёни таълиму тарбия, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, техникӣ, табиатшиносӣ, гузаронидани чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, илмию адабӣ, варзишӣ дар ин бобат аҳамияти муҳим касб мекунанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  мавриди муносибат бо арзишҳои динӣ ва озодии эътиқод андешаҳои судманд баён гардидаанд. Дар ҳақиқат,  аксарияти аҳолии кишвар ба дини мубини ислом пайравӣ мекунанд ва, албатта, давлат низ дар ин замина ҳуқуқу озодии комили мардумро ба инобат гирифта, онро мӯҳтарам мешуморад. Маҳз аз ҷониби Сардори давлати мо соли бузургдошти фақеҳи бузург, бунёдгузори яке аз мазҳабҳои бонуфузи ислом Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (рҳ) эълон гардидани соли 2009 боиси хушнудӣ ва ҳамовозии гарму ҷӯшони мардуми кишвар ва пайравони ин мазҳаб дар ақсои олам гардид. Бо дастури Вазорати маориф минбаъд дар муассисаҳои таълимӣ шахсияти Имоми Аъзам ва мазҳаби ҳанафия дар ҳудуди 4 соат таълим ва минбаъд роҷеъ ба ин мавзӯъ дар китобҳои дарсӣ низ матлаб ҷой дода мешавад. Дар факултаҳои фалсафаи макотиби олӣ баробари илми калом тадриси илми фиқҳ низ ҷорӣ мегардад. Ҳамчунин ба хотири ошноии ҳарчи бештари мактабиён осори мунтахаби Имоми Аъзам бо шарҳу тавзеҳ ба ҳайси китоби роҳнамои таълимӣ таҳия ва чоп хоҳад шуд, зеро бояд насли наврас бо рӯзгору осори шахсиятҳои фарзонае амсоли Имоми Аъзам ошно бошанд ва аз дастуру ҳидоятҳои амалии эшон  дар фаъолияти минбаъдаи хеш пурсамар истифода баранд. Вале ин маънии онро надорад, ки бо эҳёи ному осори шахсиятҳои варзидаи диниву мазҳабӣ ва адабиву сиёсии гузаштаамон аз ҳадафҳои аслии хеш, ки таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, дар сархати Сарқонун (Конститутсия)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр шудаанд, сарфи назар мекарда бошем. Баръакс, бисёр афкору омол,  бахусус, назарияи таҳаммулпазирие, ки аз ҷониби шахсияти бузурги мазҳабӣ Имоми Аъзам пешниҳод шудаанд, ба талаботи давлати дунявӣ низ комилан ҷавобгӯй мебошанд. Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки чанде пеш ба ҳукми амал ворид гардид, меъёрҳои асосии муносибати давлатро ба дин муайян менамояд. Қонуни мазкур ҳуқуқ ва озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро муайян намуда, ҳамзамон дар таҳкиму танзими онҳо нақши муносиб мегузорад.
Соли ҷорӣ аз қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол пур мешавад ва, албатта, ин ҳуҷҷати муҳим ҳарчанд дар шароити дигар, давраи бисёр душвору сарнавиштсози миллату сарзаминамон қабул шуда буд, дар рушду такомули забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва баъдан як рукни муҳими давлати соҳибистиқлол нақши носутурданӣ гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ зарурати таҳияи лоиҳаи нави ин қонунро ба миён гузошта, рушди забони давлатиро рукни муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ номиданд. Таъкиди эшон дар мавриди риояи меъёрҳои забони адабӣ барои ҳар фарди ватандӯст, дар ҳақиқат, қобили андеша ва дастгирӣ кардан мебошад. Зеро мо ҳамарӯза шоҳиди ҳол ҳастем, ки аксарияти мардум ва ҳатто зиёиёнамон дар гуфтор ва навиштаҳояшон меъёрҳои забони тоҷикиро риоя намекунанд, баъзе соҳибони забон  огоҳона ва ё ноогоҳона калимаву ибораҳои барои оммаи васеи мардум номафҳумро истифода мебаранд ва ё дар байни ҷумла вожагони забонҳои бегонаро корбурд менамоянд, ки ин шеваи кор, албатта, ба нафъи рушди забони давлатӣ нест. Вазорати маориф солҳои охир дар ин замина силсилаи тадбирҳои судманд, аз ҷумла, баргузор намудани озмунҳои иншонависӣ, қироати шеър, ҳусни хат, хондани китобҳои бадеиро баргузор менамояд ва дар аксари имтиҳоноти қабул ба мактабҳои олӣ ҷорӣ намудани иншо маҳз ба ҳамин хотир мебошад.
Дар ҳақиқат, тавре ки Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуданд, «ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бояд дар чунин давраи ҳассос бештар заҳмат кашида, бо иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкорона дар амри хайри таҳким бахшидан ба иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани аҷдодии худ саҳмгузор бошад». Боварии комил дорем, ки кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф, муассисаҳои тобеи он ва тамоми кормандони соҳаи маориф дар амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Сардори давлат, ки ҳадафи аслиашон хонаободиву сарбаландии мардум ва амнияту сарсабзии миллату сарзаминамон мебошад, саҳми шоиста ва сазовор мегузоранд.

Абдуҷаббор РАҲМОНОВ,  вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7033
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед