logo

энергетика

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

МАРДУМ НАБОЯД АЗ БЕТАРАФӢ КОР БИГИРАД

Ҳукумати мамлакат захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем.
Аз  Паёми  Президенти  кишвар  ба Маҷлиси Олӣ, соли 2016.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ сол то сол барои расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ қадамҳои устувор мемонад. Ин аст, ки минтақаҳои маҳдудиятдошта ҳоло дар як шабонарӯз зиёда аз 15 соат бо барқ таъминанд, ки назар ба чанд соли қабл ин нишондиҳанда хуб арзёбӣ мешавад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар Тоҷикистон 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст.
То охири соли ҷорӣ навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе  - 2 бо иқтидори 300  мегаватт бо харҷи дуюним миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки ин таъминоти аҳолиро бо барқ беҳтар мегардонад.
 Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли неруи барқ  соли 2015 аз ҳисоби  ҳамаи манбаъҳо 17 миллиарду 134 миллион кВт - соатро ташкил додааст, ки  ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2014 706,1 миллион кВт - соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 дарсадро ташкил медиҳад.
Соли сипаришуда зеристгоҳи барқии 110 кВ «Ваҳдат» дар шаҳри Хуҷанд, хати интиқоли барқи 220 кВ «Қайроқум – Ашт»  ва зеристгоҳи барқии 220  кВ «Шаҳринав»  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Он рӯз дер нахоҳад буд, ки маҳдудияти интиқоли неруи барқ пурра бардошта мешавад. Ин дурнамо ва ояндабинӣ аз талошҳои имрӯзаи Ҳукумати мамлакат ва сол то сол беҳтар гардидани таъмини аҳолӣ бо неруи барқ дарак медиҳад. Вале дар навбати худ сокинонро низ мебояд, ки барои амалӣ гардидани ин тадбири муҳим роҳи сарфакорӣ ва оқилона истифода бурдани барқро пеш гиранд, зеро ин яке аз воситаҳои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ мебошад. Ғайр аз ин, сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи барқ аз ҷониби аҳолӣ низ монеа барои рушди энергетикаи кишвар аст. Яъне худи мардуми сарбаланди мо дар татбиқи ин сиёсати созанда набояд аз бетарафӣ кор бигирад.

Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2016    №: 37    Мутолиа карданд: 17547
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед