logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 25 феврали соли 2016, № 79, ш. Душанбе Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис дода шавад.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» - ро ҳал намояд.
3. Бино ва иншооти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Данғара», воқеъ дар ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шарифов - 3, ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» гузаронида шаванд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» дар соли 2016 ва солҳои минбаъда чораҳои зарурӣ андешад.
5. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон».
6. Ба Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон».
7. Лимити автомобилҳои хизматӣ барои Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ба миқдори 1 адад муқаррар карда шавад.
8. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2016    №: 41    Мутолиа карданд: 7555
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед