logo

маориф

ТАЪМИНИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ МУШКИЛОТ ДОРАД

Таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли дохилӣ аз масъалаҳои мавриди назар маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад дар се соли охир дар ВМКБ 12 корхонаи дӯзандагӣ бо насби 283 дастгоҳ  ташкил гардида, фаъолият бурда истодааст.
Дар ин самт соҳибкорони алоҳида аз маблағҳои гранти президентӣ низ бархӯрдор шуданд. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, фаъолияти ин коргоҳҳо натиҷаҳои аввалин ба бор оварда истодаанд. Ба ғайр аз он ки корхонаҳои мазкур соли  сипаришуда дар асоси фармоиши алоҳидаи шахсони воқеӣ ва муассисаҳои дигари вилоят маҳсулот истеҳсол намуда, ба фурӯш баровардаанд, боз бо муассисаҳои таҳсилотӣ низ шартнома дошта, дар асоси он иловатан 1952 ҷуфт либоси мактабӣ дӯхтаанд. Аз ҷумла, коргоҳи дӯзандагии «Нури бахт» - и ноҳияи Ванҷ 1100 ҷуфт, корхонаи дӯзандагии Кохи бонувон - «Меҳри модар» - и ноҳияи Дарвоз 352 ҷуфт, «Дилафрӯз» - и шаҳри Хоруғ 280 ҷуфт, фабрикаи дӯзандагии «Баҳор» - и ноҳияи Шуғнон 100 ва коргоҳи дӯзандагии «Сағирдашт» - и ноҳияи Дарвоз 120 ҷуфт либоси мактабиро дар асоси шартномаи тарафайн  дастраси  муассисаҳои таълимии вилоят гардонданд. Аммо ин натиҷаҳо айни ҳол қонеъкунанда нестанд. Зеро камтар аз даҳ дарсади  хонандагони мактабҳои вилоят бо  либоси истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ таъмин гардидаанду халос. Пас чӣ бояд кард?
 - Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳавасманд аст, ки ба манзури боло бурдани даромади молиявии корхонаҳо ва дар ин замина ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ, таъмини бештари мактабиён бо либоси ягона, кам кардани хароҷоти волидайн ба ин мақсад ва ҷалби мутахассисони бекор ба шуғл  сару либоси мактабӣ дар корхонаҳои  маҳаллӣ дӯхта шавад. Вале мушкил он аст, ки зарфияти корхонаҳои маҳаллӣ барои иҷрои  ин талабот омода нест, - мегӯяд А. Шоҳзодаева. Ҳамасола барои он ки талаботи муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят бо либоси мактабии хонандагон пурра таъмин карда шавад, тақрибан 35 - 40 миллион сомонӣ аз қаламрави вилоят берун  мебарояд. Барои он ки ин маблағҳо минбаъд ба ҳисоби корхонаҳои маҳаллӣ гузаранд, бояд чораҳои муассир ва мушаххас роҳандозӣ шаванд. Ба ин мақсад соли равон дар нақша аст, ки барои сайқали маҳорати дӯзандагони коргоҳҳои вилоят мутахассисони касбии тарроҳ ва дӯзандаро аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ҷалб намоем. Дар самти тарғиби либосҳои дӯхти маҳаллӣ байни  хонандагону волидайн, ба сатҳи болотар баровардани ҳамоҳангии корхонаҳои дӯзандагӣ ва  шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо   бештар кор кардан лозим меояд. Ба мақсади васеъ намудани имкониятҳои молии корхонаҳои дӯзандагӣ  филиалҳои бонкҳо дар вилоят азм доранд, ки соли равон бо пешниҳоди  барномаҳои асоснок ба ин коргоҳҳо қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуддат пешкаш намоянд. Ҳамчунин  аз ҳисоби волидон  пешпардохти  як миқдор маблағ ба корхонаҳои дӯзандагӣ низ яке аз омилҳои ҳавасмандсозии ин корхонаҳо ба дӯхти либоси босифату нисбатан арзони мактабӣ арзёбӣ мегардад, ки аз ин омил низ минбаъд метавон истифода бурд. Умуман пешрафт дар кори таъминоти  мактабиён  бо  либоси ягонаи тавсиявӣ  ба  фаъолияти  ҳам  маорифчиён ва ҳам корхонаҳои дӯзандагии вилоят сахт рабт дорад ва то чӣ андоза онҳо минбаъд  дар  ин росто муваффақ мегарданд, оянда  муайян месозад. Он чиз мусаллам аст, ки ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истеҳсолкунандагони маҳаллиро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд, боқимонда   бурду  бохти онҳо ба то чӣ андоза аз ҷониби худи онҳо самаранок истифода шудани имкониятҳои мавҷуда вобаста аст.           
 Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.2016    №: 42    Мутолиа карданд: 1310
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед