номаҳо
ИН ҲАРГИЗ МАСЪАЛАИ ХУРД НЕСТ
Чанд сол боз бонги изтироб мезананд ва бо нигаронӣ изҳор медоранд, ки ҷаҳонишавӣ сабаби аз байн рафтани бисёр расму ойин ва анъанаву суннатҳои миллӣ гардида истодааст. Албатта, ин ҳақиқат дорад ва зарур аст, ки барои пойдории онҳо тадбирҳои заруриро андешид. Чаро? Чунки расму ойин ва анъанаву суннатҳои миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат маҳсуб меёбанд. Фарҳанги миллат, тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд, ҳастии миллат мебошад. Яъне ҳар нафар тоҷику тоҷикистонӣ барои пойдории миллат бояд саҳми худро бигирад.
Ба андешаи ин ҷониб мо пеш аз раванди ҷаҳонишавӣ ба тадриҷ бо таъсири фарҳанги Ғарб аз баҳри қисме аз расму ойин ва анъанаву суннатҳои миллат баромадем. Дуруст аст, ки нахуст фарҳанги дигар кишварҳоро мақсаднок таҳмил карданд ва амр намуданд, то аз онҳо дастгирӣ шавад. Пайравӣ дар ин ҳол нишони «пешрафт» ба шумор мерафт, ҳол он ки дар асл чунин набуд.
Дар озмунҳои ҳунарию фолклории кишварҳои Ғарб ба расму ойин ва анъанаву суннатҳои мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд. Ҳамин буд, ки гурӯҳҳои ҳунарии кишварамон дар ин озмунҳо ғолиб омаданд ва соҳиби мукофотҳои таъсисдода, аз ҷумла «Табарчаи тиллоӣ» гардиданд.
Мақсад аз ин навишта, махсусан эҳёи ҷашнҳои суннатӣ ва анъанавӣ мебошад. Чанд сол пештар дар шаҳри Кӯлобу ноҳияҳои атрофи он ҷашнҳои домодӣ ва арӯсӣ бо шукӯҳи хоса ва риояи расму ойинҳои миллӣ доир мегардид. Ба ин васила ҷонибҳо ба ин маъракаи муҳим ва хотирмон омодагии махсус мегирифтанд. Арӯс куртаи чакан ба бар мекард. Ҳалқаву гарданбанду дастпонаҳои қадима бар ҳусни ӯ ҳусн зам мекард. Шаҳро ҷомаву саллаи нақшин шукӯҳ мебахшид. Саъй ба харҷ медоданд, ки тахт зебову дилрабо бошад. Мепиндоштанд, ки агар шаҳу арӯс тахтро набинанд, хушбахт намегарданд.
Ҳолиё ин ҳама қариб аз байн рафтааст ва ҷашнҳои домодию арӯсӣ шаклу мазмуни ғарбиро касб карда истодаанд. Хавфи он вуҷуд дорад, ки агар ҳол чунин бошаду кор ба ин сурат идома биёбад, дар оянда дигар нишоне аз расму ойинҳои ин ҷашнҳои миллӣ намемонад.
Ҳарчанд ин масъала дар шароите, ки масъалаҳои мураккабу васеву ҳалталаб вуҷуд доранд, хурд намояд, аммо ба он ҳам диққати махсус бояд дода шавад. Агар дуруст бияндешему ба дидаи таҳқиқ бингарем, он ҳаргиз хурд нест. Чӣ бояд кард? Ба ин пурсиш масъулон посухи сазовор бояд биёбанд, албатта, бо эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва ифтихор аз ватандорӣ.
Темури ЛАТИФ, шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.03.2016 №: 42 Мутолиа карданд: 4927